
Аз 3 сентябр дар Тоҷикистон аввалин маркази дилерии мошинҳо, ки аз ҷониби UzAuto Motors сохта шудааст, пайдо шуд. Гуфта мешавад, фурӯши мошинҳо аллакай ба роҳ монда шудаанд.
Ронандагон дар Тоҷикистон акнун метавонанд чаҳор модели Chevrolet - Spark, Cobalt, Nexia ва Lacetti - ро харидорӣ намоянд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар Тоҷикистон роҳандозии барномаи қарзӣ дар ҳамкорӣ бо бонкҳои бонуфузи кишвар барои фурӯши мошин пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, UzAvto Motors моҳи июн эълон кард, ки дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Auto Motors Тоҷикистонро таъсис додааст. Иқтидорҳои корхонаи муштарак дар иншооти истеҳсолии "АлюминСохтмон", - и Тоҷикистон ҷойгир хоҳад шуд. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар як сол истеҳсоли 10 ҳазор мошини сабукрав бо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот то 35 ҳазор ба роҳ монда шавад.