Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Душанбе Фестивал-намоишгоҳи панҷуми автомобилҳои коллексионии «Авто Ретро-Душанбе» баргузор мегардад

Дар Душанбе Фестивал-намоишгоҳи панҷуми автомобилҳои коллексионии «Авто Ретро-Душанбе» баргузор мегардад

26-04-2017, 08:31
Хабарро хонданд: 296 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе Фестивал-намоишгоҳи панҷуми автомобилҳои коллексионии «Авто Ретро-Душанбе» баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастгирии ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар доираи тадбирҳо бахшида ба 72-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе Фестивал-намоишгоҳи панҷуми «Авто Ретро- Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин бора имрӯз қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.

Фестивал-намоишгоҳ 6 майи соли ҷорӣ (рӯзи шанбе) аз соати 8:00 то 18:00 дар ҳудуди меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси Душанбе» ва ҶДДМ «Кохи Наврӯз»-и пойтахт доир карда мешавад.

Дар чунин фестивал -намоишгоҳ, тавре қаблан иттилоъ дода будем, одатан мошинҳои қадимаи истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва Амрико ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Ба ибораи дигар, дӯстдорон ва касбиёни ретро дар ин ҷо чизеро нишон медиҳанд, ки дигар дар ҳеҷ ҷои дигар дида намешавад.

Дар Ғарб чунин намоишгоҳҳо-фестивалҳоро «олдтаймер-галлерея» меноманд. «Олдтаймер» калимаи англисӣ буда, «қадима, мошини нодир» тарҷума мешавад ва одатан мошинҳоеро, ки беш аз 30 сол пеш истеҳсол шудаанд, ифода мекунад. Бинобар ин, меҳмонони Фестивал-намоишгоҳи панҷуми «Авто-ретро Душанбе» метавонанд аз тамошои ретро-мошинҳои нодир ва тамошобоби тамғаҳои «Победа», «Москвич», «Волга», «Запарожец», «Лада», «Volkswagen», «Ford», «Chevrolet» «Pontiac» ва албатта, «Mercedes-Benz», ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, ҳаловат баранд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин ретро-намоишгоҳи мошинҳо дар Душанбе моҳи апрели соли 2013 баргузор шуда буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: