Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба истифода додани корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиёт дар шаҳри Ваҳдат

Ба истифода додани корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиёт дар шаҳри Ваҳдат

27-06-2017, 10:00
Хабарро хонданд: 382 нафар
Назарҳо: 0
Ба истифода додани корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиёт дар шаҳри Ваҳдат

ДУШАНБЕ, 27.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарнисори шаҳри Ваҳдат корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиётро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маркази таъмири нақлиёт аз тарафи роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» Шамсулло Саъдуллоев бунёд шудааст. Масоҳати корхона 3 гектарро ташкил медиҳад. Дар сехи шарбатбарорӣ ва қитъаи заминҳои корхонаи мазкур наздики 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шуданд.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки корхона ҳамарӯза иқтидори коркарди 2,5 то 3 тонна маҳсулоти кишоварзиро дорад. Барои фаъолияти пурсамари Корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» 27 гектар қитъаи замин барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷудо карда шудааст, ки дар ин заминҳо кишти помидор, бодиринг, карам, қаланфури булғорӣ, пиёз ва дигар намуди маҳсулот барои консервабарорӣ ба роҳ монда мешавад. Ҷамъияти мазкур ба коркарди сабзавоту меваҷот низ машғул буда, аз он қариб 10 намуд консерва, обҳои ташнашикан, афшураҳо ва шириниҳои мухталиф истеҳсол мекунад.

Дар назди корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» ҳамчунин як Маркази таъмири нақлиёт сохта шудааст, ки дар он 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Дар Марказ дар як вақт ба 25 адад мошинҳои сабукрав ва нақлиёти хурди боркаш хизмат расонида мешавад, ки дар як сол тахминан имконияти таъмири 6500 адад автомобилро ташкил медиҳад.

Соҳибкори ватанӣ Шамсулло Саъдуллоев уҳдадор шуд, ки аз ҳисоби даромади корхона оянда боз фаъолияташро васеъ карда, коргоҳу корхонаҳои нав, 4 адад сардхона ҳар кадоме бо ғунҷоиши то 250 тонна ва як маркази таъмири мошинҳои калони боркаш бунёд менамояд.

Баъди шиносоӣ бо шароити коргоҳҳои мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва иқдоми обод кардани як гӯшаи диёр арзи сипос намуда, ба онҳо комёбиҳо орзу намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: