Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Аҳмад Масъуд ба фармондеҳон: «То 9 сентябр Кобулро фатҳ мекунем!»

Аҳмад Масъуд ба фармондеҳон: «То 9 сентябр Кобулро фатҳ мекунем!»

6-09-2021, 14:20
Хабарро хонданд: 125 нафар
Назарҳо: 0
Аҳмад Масъуд ба фармондеҳон: «То 9 сентябр Кобулро фатҳ мекунем!»
Сентябрь 6, 2021 10:34

ДУШАНБЕ, 06.09.2021/АМИТ «Ховар»/. Ин ҷаласа пас аз намози зуҳри дирӯз, 5 сентябр, дар деҳаи Бозорак, маркази вилояти Панҷшер бо иттифоқи фармондеҳон ва бузургони маҳал баргузор шуд, навиштааст агентии иттилоотии Россия Sputnik.

Манбаи Sputnik аз қавли ширкаткунандагони ин ҷаласа хабар дод, ки Аҳмади Масъуд аз нерӯҳояш хостааст, бо асирон рафтор инсонӣ намуда, нону обашонро бо онҳо тақсим ва захмиҳои «Толибон»*- ро то ҳадди тавон мудово кунанд.

«Асирони хориҷӣ, бахусус покистонӣ дар ҷамъи асирон хеле зиёданд. Дақиқ 1340 тан назди мо асиранд, ки дар миёни онон покистонӣ ва араб ҳам мавҷуд аст», — гуфтааст раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон.

Бино ба бархе гузоришҳо, аз ин теъдод асирон ҳудуди 600 нафар атбоъи Покистонанд. Дар ҳамин ҳол, ин гузоришҳо низ аз Кобул мерасанд, ки «Толибон»* дар посгоҳҳои масири Шимолӣ ва Кобул ҷавонон ва миёнсолони панҷшериро гаравгон мегиранд, то онҳоро бо асирони худ дар Панҷшер мубодила кунанд.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз фиристода шудани нерӯҳои тозанафас бо ҳудуди 250 мошини ҷангии «Толибон»* ба Панҷшер хабар дода, гуфтааст, ки нигарони ин мошинҳо нашаванд, чун онҳоро мебаранд, то ҳамроҳи сари худашон ба нерӯҳои муқовимат таҳвил бидиҳанд.

«Садҳо тан аз толибони Бадахшон бо Ҷабҳаи муқовамати милли Афғонистон пайвастаанд. Ин далели резиши ташкилотӣ ва низомии «Толибон»* ба нафъи мост», — гуфтааст Аҳмади Масъуд.

Вай аз нерӯҳои худ хостааст, дар муқобила бо душман рӯҳияи баланд дошта бошанд ва бо хуну сарнавишти онҳо ҳаргиз муомила намешавад.

«Дар аксар вилоёт бо қумондонони ҷиҳодӣ ва мардумӣ сӯҳбат ва ҳамоҳангӣ шудааст. Ба зудӣ қиёми миллӣ болои «Толибон»* аз чандин нуқта оғоз мешавад. Шумо шоҳид хоҳед буд, ки дар 18 сунбула (9 сентябр) мо Кобулро ба тасарруфи худ хоҳем дошт», — гуфтааст Аҳмади Масъуд.

Вай аз ҷонибдорони худ хостааст, ки нигарони вазъи иҷтимоӣ набошанд, зеро Тоҷикистон ва Фаронса ба зудтарин фурсат кӯмакҳои башардӯстона ба Панҷшер мефиристанд.

Як ҳафта аст, ки дараи Панҷшер майдони набардҳои хунин миёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ва «Толибон»* – у созмонҳои террористӣ, назири «Ал-қоида», шудааст. Бино ба хабарҳои гуногун, теъдоди кушташудагон аз миёни нерӯҳои «Толибон»*-у шариконашон аз марзи 1000 нафар гузаштааст.

Бархе манобеъ талафоти онҳоро аз ин ҳам зиёд ҳисоб мекунанд, аммо санҷидани дурустии ин омор имкон надорад.

Акс: © AFP 2021 / WAKIL KOHSAR
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: