Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Фаҳими Даштӣ ва генерал Абдулвадуди Зарраро кӣ кушт: «Толибон» ё бесарнишинҳои Покистон?

Фаҳими Даштӣ ва генерал Абдулвадуди Зарраро кӣ кушт: «Толибон» ё бесарнишинҳои Покистон?

6-09-2021, 14:18
Хабарро хонданд: 103 нафар
Назарҳо: 0
Фаҳими Даштӣ ва генерал Абдулвадуди Зарраро кӣ кушт: «Толибон» ё бесарнишинҳои Покистон?
Сентябрь 6, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 06.09.2021/АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон Фаҳими Даштӣ ва яке аз қумондонҳои ҷабҳа генерал Абдулвадуди Зарра бар асари задухӯрдҳо дар шимоли дараи Панҷшер ба ҳалокат расиданд.

Сабаби ин куштор кӣ ва чӣ шудааст? Хабарнигори агентии давлатии иттилооти Русия Sputnik дар иртибот ба ин ҳодиса имрӯз чанд фарзияеро пешниҳод намудааст, ки қобили таваҷҷуҳанд.

«Фаҳими Даштӣ, раиси дафтари Аҳмад Масъуд буд, ки дар пайи рӯи кор омадани Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон раҳбарии дафтари матбуоти онро дошт, — навиштааст Sputnik. — Абдулвадуди Зарра, писари хоҳарбузурги Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат буд».

Манбаъи Sputnik дар Ҷабҳа гуфтааст, ҳарду замоне ба шаҳодат расиданд, ки пас аз адои намози аср аз хонаи Фаҳими Даштӣ, ки яке аз меҳмонхонаҳои Ҷабҳа он ҷо ҳанӯз аз замони муқовимати аввал таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд вуҷуд дорад, берун меомаданд.

«Ҳарду савори як мошини сурх равон буданд, ки тири ҳовон ба мошин асобат кард ва онҳоро шаҳид сохт», — гуфтааст манбаъ.

Пушти ин ҳамла кӣ ҳаст? Ҳоло ду фарзия дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ пеш андохта мешавад. Як фарзия ин аст, ки гулӯлаи тӯпи «Толибон»* аз ҷои номаълуме ба мошин бархӯрдааст. Фарзияи дуввум ин ҳамларо кори дасти толибҳои худкуш арзёбӣ мекунад, ки худро ба асорати нерӯҳои Ҷабҳаи муттаҳид афканда, дар фурсати муносиб дар назди мошини ҳомили Даштӣ ва Зарра инфиҷор додаанд.

Ин ду фарзияро нозирони вазъ ғайримумкин ҳисоб мекунанд, зеро ҳеҷ имкон надорад тӯпи «Толибон»* ба ҷои дигаре нахӯрда, маҳз ба мошини онҳо бархӯрда бошад. Ин маҳал аз манотиқи таҳти ишғоли «Толибон»* хеле дур аст.

Дигар ин ки ягон гулӯлаи дигар дар давру бар наафтодааст. Фарзияи дуввумро аз он хотир ботил ва як шоеапароканӣ ба хотири дур бурдани азҳони мардум аз асли қазия меҳисобанд, ки асирони толиб аслан дар маҳал ҳузур надоштанд ва шоҳидон гуфтаанд, нафари машкуке ҳам он ҷо дида намешуд.

Покистон?

Дар ҳамин ҳол, фарзияи дигаре, ки мусоҳибони дигари Sputnik ба даст медиҳанд, хеле шокикунанда аст. Ба қавли онҳо, Даштӣ ва генерал Вадуд тариқи паҳподҳои бесарнишин ба шаҳодат расидаанд.

Як ҳамсӯҳбати Sputnik гуфтааст, онҳо тариқи моҳвораи «Сурайё» таъқиб шуда, аз сӯи тайёраҳои бесарнишин мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

«Ҳамин ҳоло гузоришҳое ҳастанд, ки хатҳои ҷабҳаро дар Панҷшер тайёраҳои бесарнишини артиши Покистон бамборон доранд. Гузоришҳои таъйидношудае ҳам вуҷуд доранд, ки дигар раҳбарони ҷабҳа низ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд ва ҳудуди 500 сарбози нерӯи махсуси артиши Покистон вориди Панҷшер шудаанд», — гуфтааст ӯ.

Манобеъи Ҷабҳаи муттаҳид қаблан ба Sputnik изҳор намуда буданд, ки ҳаволии соати яки шаби 28 ба 29 августи соли равон ҳудуди 50 «ренеҷер» – и артиши Покистон аз роҳи Пули Чархӣ вориди Кобул шуда буданд, ки сарнишинонаш ҳамагӣ юниформҳои артиши Покистонро дар бар доштанд.

Ҳамзамон рӯзи гузашта аз фуруд омадани ду тайёраи низомии Покистон ба фурудгоҳи Кобул гузориш шуда буд, ки ҳомили сарбозони нерӯҳои вижаи Артиши Покистон буд.

Идомаи тавтиа

Дар гузашта дасти кам ду ҳодисаи мармузи куштори фармондеҳон дар Афғонистон иттифоқ афтодааст, ки то ба ҳол барои ҷомиа торик мондаанд.

Соли гузашта Пиримқул, яке аз фармондеҳони зиддитолиб дар вилояти Тахор ва як фармондеҳи дигар ба номи Алӣ Ҳусайн дар Ҳазораҷот низ ба таври мармуз кушта шуда буданд.

Ҳарду замоне аз байн бурда шуданд, ки дар ҷамъи одамони дигар қарор доштанд, аммо гулӯла маҳз ба худи онҳо хӯрда буд ва ба дигарон зараре нарасонд.

Куштори Даштӣ ва генерал Вадуд ва маҷмӯи иттилооте, ки аз Панҷшер мерасад, аз як чархиши ғайримунтазирае дар ҷанги Афғонистон ривоят мекунад, ки ба қавли огаҳони ҳол, авоқиби хеле хатарнок хоҳад дошт.

Қаблан низомиёни Амрико низ аз эҳтимоли даргирии як ҷанги шадиди дохилӣ дар Афғонистон ҳушдор дода буданд. Зоҳиран тавтиаи бузурге, ки дар Афғонистон тарҳрезӣ шудааст, ҳанӯз ба анҷом нарасидааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: