Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ПАНҶШЕР СУҚУТ НАКАРДААСТ. Вокуниши Аҳмад Масъуд

ПАНҶШЕР СУҚУТ НАКАРДААСТ. Вокуниши Аҳмад Масъуд

5-09-2021, 07:32
Хабарро хонданд: 87 нафар
Назарҳо: 0
ПАНҶШЕР СУҚУТ НАКАРДААСТ. Вокуниши Аҳмад Масъуд
Сентябрь 4, 2021 12:50

ДУШАНБЕ, 04.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Толибон»* иддао доранд, ки ба Париён — бузургтарин вулусволии ин вилоят ворид шуданд ва маркази онро ишғол намуданд. Далели суқути Париёнро ин гуфтаанд, ки волии номниҳоди «Толибон» дар ин вилоят зодаи ин вулусволӣ ба номи Мавлавӣ Абдулъалӣ будааст.

Манобеи «Толибон»* хабар медиҳанд, ки Панҷшерро мукаммал ишғол кардаанд ва Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон фирор кардааст.

Аммо манобеи агентии иттилоотии «Sputnik»-и Русия мегӯянд, онҳо як каме муваффақ шуданд, ки ба вулусволии Париён, ки волии номниҳоди Панҷшер зодаи он аст, ворид шаванд.

«Бақия ҳарфҳо, ки мезананд, таблиғоти душман аст. Ҷанги мо идома дорад. Мо пирӯзи ин ҷанг хоҳем буд», — гуфт манбаъ.

Ҳамзамон расонаҳо аз фирори Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷунбиши муқовимати миллӣ ва Амруллоҳ Солеҳ, муовини раисҷумҳури Афғонистон, хабар доданд. Яке аз наздикони Аҳмад Масъуд ба Sputnik гуфт, Аҳмад Масъуд дар Панҷшер аст ва он чӣ гуфта мешавад, таблиғоти Покистон аст.

«Ин дурӯғ аст. Ишғоли Панҷшер рӯзи охирини мо дар зиндагӣ хоҳад буд. Ин ҳарфи раҳбари мост», — гуфт ӯ.

Ҳамзамон наздикони Амруллоҳ Солеҳ низ як навореро дар ихтиёри Sputnik қарор доданд, ки мавсуф мегӯяд, дар Панҷшер аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: