Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер ба толибон шарт гузошт

Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер ба толибон шарт гузошт

2-09-2021, 08:30
Хабарро хонданд: 101 нафар
Назарҳо: 0
Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер ба толибон шарт гузошт

Ҳаракати «Толибон»*, ки дар Афғонистон сари қудрат аст, бояд ҳукумати фарогир таъсис дода, инчунин озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандони мамлакатро таъмин кунад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар суҳбат бо Foreign Policy роҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар музофоти ПанҷшерАҳмад Масъуд изҳори назар намудааст. Вай гуфт, ки зимни иҷрои ин шарт аз ҷониби радикалҳо ҷангро бас карда, аз сиёсат канор меравад.

«Агар толибон ният дошта бошанд, ки ҳукуматро бо ҳама тақсим кунанд ва адолатро барқарор намоянд, баробарҳуқуқӣ ва озодиро ба ҳама дар Афғонистон манзур намоянд, он вақт ман қафо гашта, аз сиёсат канор меравам», — зикр намуд Масъуд.

Ба гуфти роҳбари Ҷабҳаи муқовимат, дигар роҳҳои ба мувофиқа овардани муноқиша миёни неруҳои собиқи давлатӣ ва «Толибон» қобили қабул нестанд.

Масъуд зикр намуд, ки аз хориҷа ягон дастгирии молиявӣ надорад, вале бисёр давлатҳои минтақа ҷонибдори размандагонанд.

Панҷшер — музофоти ягонаи Афғонистон аст, ки толибон онро зери назорат надоранд. Ин минтақа макони ҷамъшавии собиқ неруҳои ҳукуматӣ гардидааст.



Ҷангиён кӯшиш намуданд, ки масъалаи таслими Панҷшерро чӣ бо роҳи дипломатӣ ва чӣ бо роҳи ҳуҷум ҳал намоянд. Қаблан онҳо ба яке аз гузаргоҳҳои аввалин ҳуҷум карданд, вале неруҳои ҷабҳа тавонистанд ҳуҷумро гардонанд.

Толибон ҳамчунин ба ширкатҳои амалкунандаи иртиботии телевизионии Афғонистон фишор оварданд, то онҳо корро дар ҳудуди Панҷшер қатъ кунанд. Ҳамин тариқ, минтақа бе интернет ва алоқаи мобилӣ монд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: