Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ

ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ

30-08-2021, 13:21
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ
Хуҷанд:-Ҷиҳати истиқболи сазовори руйдоди муҳими сиёсӣ, яъне, 30-солагии соҳибистиқлолии кишварамон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои тантанвӣ барпо гардида истодааст. Ба ин муносибат санаи 27 августи соли равон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар “Маркази фарҳанг”-и фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хучанд Маликисломӣ Наим Мунаввар чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, дар номаи табрикотии худ бахшида ба ин санаи муборак аз ҷумла баён дошт: “Дар баробари рушди тамоми соҳаҳои хоҷаги халқ дар роҳи расидан ба сулҳу субот нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун нерӯи созанда ва пешбар хеле калон аст. Он замоне арзи ҳастӣ намуд, ки мардум ба як ниҳоди солим ниёз дошт. Ҳизб дар пойгоҳи хеле заифи иродаи сиёсии мардум ташкил ёфт ва сол аз сол тақвият ёфт. Дар ин фосила таъсиси ташкилоти ҳизбӣ дар шаҳри Хуҷанд низ бо як душворӣ ва мушкилот таъсис ёфта, дар рӯзҳои нахустин ба бархӯрди хеле сахти тоифае дучор гардид. Қисмати ками равшанфикрон ирода мекарданд, ки ба ҳизб шомил шаванд. Саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун таъсисдиҳанда ва пешбарандаи фаъолияти ҳизб хеле калон аст. Маҳз таваҷҷуҳу эътибори он кас дар афзуннамоии аъзои ҳизб хеле таъсиргузор шуданд. Имрӯз ҳизб як ташкилоти муқтадир ва тавоное аст, ки дар сафҳои худ роҳбарони масъулиятпеша, олимони соҳибмартабаро сарҷамъ намудааст. Агар дар солҳои аввали фаъолият шумораи аъзо дар шаҳри Хуҷанд 200 нафар бошад, пас имрӯз шумораи ҳизбиён ба 19 ҳазор нафар расидааст, ки ин бешубҳа як қувваи бузурге аст, ки сиёсати давлат ва Ҳукумати кишварро ҳамвора бо Барномаву Оинномаи ҳизб пеш мебарад”.
Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар номаи шодбошии худ зикр намуд, ки Мо фарзандони замоне ҳастем, ки пас аз ҳазор соли бедавлатӣ шоҳиди аз нав соҳибистиқлол гардидани миллатамон гардидем. Аз ин дида неъмати бузурге дар сарнавишти инсон нест. Ба андешаи ман дар олам аз халқи тоҷик дида сарбаланд ва батолеъ миллате нест. Барои он ки мо дар як муддати кӯтоҳ бо иродати шахсияти беназири таърихӣ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги бемаънӣ хотима бахшидем ва роҳи саодату наҷоти миллатро интихоб кардем. Сарвари давлатдар яке аз суханрониҳои худ баён дошта буданд, ки “Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад”. Имрӯз бо гузашти 30 – сол вазифаи мо, фаъолони ҷомеа, аъзо ва ҷонибдорони ҳизби пешрафтаи ҷумҳурӣ поку муқаддас нигаҳ доштани асолати миллӣ ва бегазанд мерос гузоштани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба фардоиён аст.
Муовин раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ҳизбиёни шаҳри Хуҷандро бо ин санаи фархунда аз номи Раиси шаҳри Хуҷфанд Фирдавс Шарифзода табрику муборакбод намуда, таъкид дошт, ки ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ муваффақияти бузург ва дар навбати худ ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва шаҳрвандиву озод оғоз намуда, дар ин давра ба муваффақиятҳои бузург дар соҳаҳои мухталиф ноил гардид.
Дар идомаи чорабинӣ ба фаъолони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.
Дар фарҷоми ҷамъомад баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуд. Сурудаҳои ҳофизони номӣ Махками Баҳриддин, Ҳалимҷон Салимӣ, Умарҷон Қобилов ва Ғолибҷон Юсупов чорабиниро боз ҳам шукӯҳманд намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: