ҚАДРШИНОСИИ СОБИҚАДОРОНИ ҲИЗБ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ6-09-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 243 нафар
Назарҳо: 0
Ба ифтихори 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҷаласаи тантанавии собиқадорон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир шуд. Дар ҷаласаи мазкур Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои филологӣ Сарфароз Юнусов, раиси шӯрои собиқадорони ҳизб, номзади илмҳои педагогӣ Абдуҳаким Шарипов, собиқадрони меҳнат, фаъолони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ширкат доштанд. Наим Маликисломов, раиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ аҳли нишастро бо ин санаи фархунда муборакбод гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки таҷрибаи таърихи ҷаҳон собит месозад, ки Истиқлол ва озодӣ ба осонӣ ба даст намеояд. Мо дар таърих халқҳо ва миллатҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои расидан ба Истиқлолият даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони асил ва азизи худро аз даст додаанд. Дар таърихи ҷаҳони имрӯз мо низ шоҳиди талоши пайгирона ва озодихоҳонаи халқҳое мебошем, ки даҳҳо миллион аҳолӣ доранд, аммо аз ҳуқуқҳои оддитарини миллӣ ва милливу фарҳангӣ маҳруманд. Аз ин рў, онҳо истиқлолиятро чун василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳуввият ва бақои таърихии худ медонанд. Абдуҳаким Шарипов зимни гузориши худ оиди нақш ва мақоми Истиқлол дар рӯзгори мо қайд намуд, ки Истиқлолияти ба осонӣ ба даст овардаи мо бо айби иддае аз мансабталошону хоҷагони бегона даҳсолаҳо иқтисодиёти моро ба ақиб партофт. Ин дар ҳақиқат фоҷиаи миллат буд. Мардум натанҳо руҳан, балки амалан ба шикаст рӯ ба рӯ буданд. Ҳар он нафаре ки он рӯзҳоро бо чашми худ дидааст, андеша мекард, ки зиндагии минбаъдаи мо мисли аҳволи мардуми афғон хоҳад шуд. Дар бораи иқтисодиёт ҳоҷати гуфтан ҳам набуд. Дар ин рӯзҳои сиёҳ танҳо роҳбаладе, тӯдакаше лозим буд, ки халқи бечораву овораро аз паи худ барад. Ва ҳамин сорбони миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои миллати мо Худованд арзонӣ дошт. Ва ин марди бузург оини ватандориро дар такя ба номусу нанг риоя намуд. Ва оиди хизматҳои бузурги Пешвои миллат бисёр мегӯянду дар оянда низ ҳоҳанд гуфт. Раиси кумиҷроияи вилоятӣ Сарфароз Юнусов номаи табрикоти самимонаи кулли ҳизбиёни вилоятро ба иштирокдорон расонида, дар бораи роҳи 25- соли тайкардаи кишварамон далелу арқоми зиёдеро пешкаш намуд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик буда, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад. Ба шарофати ин рӯйдоди бузург миллати моро дар арсаи байналмиллалӣ чун кишвари озоду обод ва дорои тамаддуни бойи таърихӣ шинохтанд. Сипас дар вазъияти тантанвӣ 70 нафар аъзои фаъоли ҳизб, собиқадорони меҳнат аз ҷониби кумиҷроияи ҳизбии шаҳрӣ бо обунаи солонаи ройгон ба нашрияҳои ҳизбии – «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» қадрдонӣ шуданд. Ҳофизони мумтози вилоят Ҳусён Юсупов, Фатҳиддин Юсуфӣ, Олимҷон Юсупов ва дигарон бо сурудаҳои худ хотири аҳли нишастро шод намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.