Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИСТИҚЛОЛИЯТ – ШАРАФУ НОМУСИ ВАТАНДОРӢ

ИСТИҚЛОЛИЯТ – ШАРАФУ НОМУСИ ВАТАНДОРӢ

7-09-2017, 10:31
Хабарро хонданд: 234 нафар
Назарҳо: 0
ИСТИҚЛОЛИЯТ – ШАРАФУ НОМУСИ ВАТАНДОРӢ
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон санаи 5-уми сентябри соли 2017 дар толори Театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсия сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Истиқлолият – шарафу номуси ватандорӣ” баргузор гардид.
Пеш аз оғози Конференсия дар саҳни ҳавлии театр беш аз 200 нафар ҷавонон – аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” парчамҳои давлатӣ ва ҳизбиро ба шарафи солгарди ҷашни истиқлолият ифтихормандона боло бардошта, таҳти шиорҳои “Поянда бод истиқлолияти Тоҷикистон!”, “Ҷавонони зодаи истиқлол – пайравони Пешвои миллат!” ва “Истиқлолияти шарафу номуси ҳар яки мост!” меҳмононро истиқбол гирифтанд.
Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Хонов Абдураҳмон Умарович, шоираи ширинкалом, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Анҷумани «Хубони порсигӯ» Бобобекова Меҳриниссо ва раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ, инчунин беш аз 700 нафар фаъолони ҳизб, роҳбарони сохторҳои вилоятии корхонаву муассиса ва ташкилотҳо, инчунин аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз ҳудуди шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Кори конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар саросари кишвар дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба хотири таҷлили сазовори 26-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ бо маром ҷараён доранд. Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бахусус дастгирии раиси муҳтарами вилоят, Гулмаҳмадзода Давлатшо Қурбоналӣ ва муовини раиси вилоят, сарпарасти бевоситаи ҳизб дар вилоят, муҳтарам Хидирзода Махфират Умар тасмим гирифт, ки конференсияи имрӯзаи вилоятиро бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ – Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият-шарафу номуси ватандорӣ» доир намояд. Ҳифзи болотарин арзиши давлатдории миллӣ, яъне истиқлолияти давлатӣ ин вазифаи муқаддаси ҳар яки мо буда, дар ин росто мо бояд пайваста саҳми арзандаи худро гузорем. Саҳми мо дар роҳи таҳкими дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ин пеш аз ҳама ватандӯстӣ, ҳимояи шаъну шарафи давлат, асолатмандӣ, анҷом додани амалҳои бунёдкорона ва амсоли инҳо мебошад.
Зимнан, пас аз оғози расмии кори Конференсия сухан ба муовини раиси вилояти Хатлон, доктори илмҳои фалсафа Хидирзода Махфират дода шуд. Мавсуф дар суханронии худ аҳамияти истиқлолияти давлатиро дар рушди давлат ва бақои миллат хеле муҳим арзёбӣ намуда, қайд кард, ки маҳз бо шарофати истиқлолият тавонистем рушду пешрафти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиву иҷтимоии кишварро таъмин сохта, мавқеи худро дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати тамадунофар ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Дар идома роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонов ба сухан баромада, вобаста ба мавқеи ҷавонон ва аҳамияту саҳми онҳо дар рушди дастовардҳои истиқлолият ибрози андеша намуд. Қайд кард, ки ҷашни муқаддаси давлатӣ, 26-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ бо як ҷаҳон ифтихори миллӣ дар ҳоле таҷлил мегардад, ки дар кишвари азизамон, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардидааст. Дар ин росто, вазифаи ҳар ҷавони худогоҳу ватандӯст аз он иборат аст, ки дар муқобили ҳама унсурҳои хатарзо ба истиқлолияти давлатӣ мубориза барад, онро чун волотарин арзиш ба ҳадди мавҷудияти як худу миллати худ нафақат эътироф, балки дифоъ намояд.
Бахтовар Сафарзода, раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар навбати худ вобаста ба рушди қонунгузории миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ андешаҳои худро баён дошта, таъкид намуд, ки истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, то низоми мукаммали ҳуқуқии кишвари худро таҳия созем, парлумони доимоамалкунандаи касбӣ таъсис диҳем ва ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллӣ қонунҳои миллӣ таҳия ва қабул намоем.
Ба ин тартиб, сухан ба шоираи ширинкалом, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Анҷумани «Хубони порсигӯ» Бобобекова Меҳриниссо дода шуд, ки мафсуф дар суханронии худ бо лаҳни шоирона аз истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки бо ҷаҳду талош ва азхудгузариҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, шукргузорӣ намуд ва дар мавзӯъҳои Ватан, истиқлолият ва сулҳу осоиш шеърҳо қироат кард.
ИСТИҚЛОЛИЯТ – ШАРАФУ НОМУСИ ВАТАНДОРӢ
Абдулло Раҳмонзода – раиси Кумитаи иҷоияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон зимни ҷамъбасти қисмати тантанавии чорабинӣ ба меҳмонон ва иштирокдорон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, дар хотима бо иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки “Истиқлолият – ин хонаи обод, сари баланд, зиндагии осоишта, рӯзгори осӯдаҳолонаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан аст” ва моро мебояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем.
ИСТИҚЛОЛИЯТ – ШАРАФУ НОМУСИ ВАТАНДОРӢ
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо суруду рақс ва навозишҳои ҷолиби худ хотири иштирокчиёнро шод намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: