Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Умре дар хизмати халқу Ватан

Умре дар хизмати халқу Ватан

27-08-2021, 10:30
Хабарро хонданд: 497 нафар
Назарҳо: 0
Умре дар хизмати халқу Ватан

«Истиқлолияти мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик аст». Ин суханони пурифтихор ва саршор аз муҳаббат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ доранд.
Оре соҳибистиқлолӣ орзуи ҳазорсолаи ниёгони мо буд, ки охири садаи ХХ ба ин халқи азияткашида муяссар гашт. Бо шарофати соҳибистиқлолию соҳибдавлатӣ мо шиносномаи худро дар арсаи ҷаҳонӣ пайдо намудем . Ин шиноснома истиқлолият аст, ки хушбахтона комилтар, мустаҳкаму солортар ва қавитар мегардад.
Дар таҳкими Истиқлолият шахсиятҳои зиёде бо донишу истеъдод ва заҳматҳои бепоён саҳми беандозаи худро гузоштанд, ки яке аз онҳо ходими намоёни ҳизбию давлатӣ Аҳмадҷон Ализода мебошад.
Ӯ дар оилаи хушбахту бомаърифат ба дунё омадаву ба воя расидааст. Падараш Абдуқодир Ализода яке аз аввалин омӯзгору фаъолони соҳаи маорифи собиқ вилояти Кӯлоб буда, дар рушду нумӯи мактабу маориф саҳми мондагор гузоштааст.
Соли 1952 оилаи онҳоро дар қатори дигар оилаҳои ноҳияи Балҷувон ба ноҳияи ҳозираи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳоҷир карда оварданд. Аҳмадҷони наврас баъди анҷоми дарсҳо дар колхоз мисли одамони калонсол меҳнат карда, дар ғанӣ гардонидани буҷаи оилаашон саҳми худро мегузошт.
Вай баъди хатми бомуваффақияти мактаби миёна (бо медали тилло) соли 1970 имтиҳонҳои дохилшавиро сарбаландона супорида, донишҷӯи Донишкадаи политехники Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ) гардид. Яке аз донишҷӯёни фаъолу навовар буд.
Ӯро соли 1975 баъди хатми бомуваффақияти Донишгоҳ (бо дипломи сурх) бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба техникуми энергетикии шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба кор фиристоданд. Аз рӯзҳои аввали кор ӯ худро ҳамчун омӯзгори фаъолу меҳнатдӯст ва масъулиятшинос нишон дода тавонист. Ҳамеша дар омӯзишу пажӯҳиш буд. Донишҳои назариявии худро бо амалия пайваст намуд. Бо роҳбарии ӯ озмоишгоҳи ҳимояи релей ва автоматика пурра аз нав карда шуд. Макетҳои амалкунандае, ки таҳти роҳбарии ӯ сохта шуданд (оид ба истеҳсоли барқ) дар Намоишгоҳи Комёбиҳои Хоҷагии Халқ (НКХХ)-и Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал ва дар НКХХ ИҶШС сазовори ҷойи дуюм дониста шуданд. Баъди ин комёбӣ барои хизматҳои арзандааш дар омодасозии мутахассисони соҳаи энергетика ӯ сазовори нишони сарисинагии «Аълочии барқи тоҷик» гардид.
Меҳнатдӯстӣ, ташаббускорӣ, серталабӣ ва хислатҳои наҷиби инсониашро ба назар гирифта, соли 1988 ӯро ба Иттиҳодияи автомобилии вилоят ба кор даъват намуданд. Солҳои 1988-1991 ӯ ба ҳайси сармеханик ва муовини директори генералии ин муассисаи бонуфуз сарбаландона фаъолият намуд. Дар бунёди биноҳои истеҳсолӣ ва истиқоматии корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва рушди техникии онҳо хизмати босазо намуд. Дониши баланди касбӣ, ҷаҳонбинии васеъ, ташаббускорию навовариаш буд, ки дар озмуни доирнамудаи Вазорати нақлиёти ИҶШС дар шаҳри Маскав оид ба ташкили корхонаи истеҳсолии бо технологияи наву васоити газтаъминкунӣ фаъолияткунанда ширкат намуда, дар байни 15 намояндагони ҷумҳурии собиқ пасошӯравӣ ғолиб дониста шуд ва сазовори ҷойи якум гардид. Боиси ифтихор аст, ки нахустин корхонаи намунавӣ дар Тоҷикистон бунёд шуд.
«Ганҷ аз назар пинҳон намемонад»- мегӯянд. Аҳмадҷон Ализода тамоми донишу малака ва маҳорати худро сарфи ободию пешравии диёри худ намуда, сазовори ҳурмату эҳтиром ва писанди мардум гардид.
Ана ҳамин хоксорию фурутанӣ, дилу нияти пок, масъулиятшиносии баланд, инсондӯстӣ ва садоқат ба халқу Ватан ва дигар хислатҳои неки инсониаш буд, ки соли 1991 ӯро муовини аввали раиси собиқ вилояти Қурғонтеппа таъин намуданд. Дар ин вазифаи ниҳоят пурмасъул якчанд сол сарбаландона фаъолият намуд. Баъди чанд муддате дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардид. Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии кишвари азизамон зери хавфу хатар монд.
Аҳмадҷон Ализода ҳамчун роҳбари масъулиятшинос, ватандӯст, бо як шуҷоатмандии хос, нияти пок ва садоқат ба халқи азизи худ барои барқарорсозии ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон бархост. Барои ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъи муташанниҷи вилоят, баргардонидани гурезаҳо ба Ватан, ба низом даровардани кори ташкилоту муассисаҳо ҷаҳду талоши зиёд намуд. Ҳамчун корманди масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ӯ мутассадии аз корхонаи истеҳсоли орди шаҳри Қурғонтеппа (ҳозира Бохтар) ба аҳолии дар муҳосираи иқтисодӣ мондаи вилояти собиқ Кӯлоб ирсол намудани орди гандум буд. Зери таҳдиди гуруҳҳои силоҳбадасти ғайриқонунӣ ин вазифаро «ҷон дар кафи даст» иҷро менамуд.
Дар вақти иҷрои вазифаи муовини аввали раиси вилоят, ки вазъи кишвар бисёр ноором буд, садҳо нафар корафтодагон назди ӯ барои кӯмак пурсидан меомаданд.
Як воқеа ҳеҷ аз хотирам намеравад, -мегӯяд Аҳмадҷон Ализода, он рӯзҳоро ба ёд оварда.
Яке аз рӯзҳои охири моҳи декабри соли 1993 буд. Ҳаво ниҳоят сард буду барф беист меборид. Ёрдамчӣ рӯхсат пурсида, вориди ҳуҷраи корӣ гардид ва гуфт:
- Раис дар ҳавлии бинои ҳукумати вилоят як гурӯҳ занону кӯдакон ҷамъ шуда, Шуморо мепурсанд.
Вақте ки ба берун баромадам, як манзараи ҳузнангез пеши чашмонам омад. Як гуруҳ занони солхӯрда, кӯдакону наврасоне, ки дар тан либоси тунук ва дар пой пойафзоли ғайримавсимӣ доштанду аз ғояти хунукӣ ва дар зери барф ларзида, сӯи ман маъюсона менигаристанд.
Аз миёни онҳо пиразане бо қомати хамида ва асо ба даст пеш баромада, бо овози ларзон пурсид:
- Азиззодааш Шумо ҳастед?
- Бале, гуфтам ман.
- Мо як гуруҳ аз кишвари Афғонистон аз ғурбат ба Ватан баргаштем. Аммо дар деҳаамон ҳамаи хонаҳо сӯхтаю валангоранд. Дар он ҷо зиндагӣ кардан ғайриимкон аст –илова кард пиразан.
- Агар ба мо кӯмак накунед, ҳамаамон аз хунукӣ мемурем, суханашро давом дод, пиразан.
- Модарҷон, мо ҳатман ба Шумо кӯмак мерасонем. Нигарон набошед.
Аҳмадҷон Ализода дарҳол ба Ситоди Фронти халқӣ рафта, роҳбарияти онро муътақид гардонида, ин гуруҳро, ки наздики 80 нафар буданд, дар хобгоҳҳои техникуми энергетикӣ ва боғчаҳои бачагона муваққатан ҷойгир намудем ва бо маводи озуқаворӣ таъмин кардем. Хушбахтона оғози баҳори соли 1993 гарм омад ва онҳоро ба деҳаҳои худашон баргардонидем.
Ана ҳамин тавр устод Аҳмадҷон Ализода дар ҳар як вазифае, ки кор мекард, рисолати худро ҳамчун шаҳрванди ватандӯст, роҳбари дилсӯзу ғамхор, хоксор ва бо мардум муҳаббату самимияти беандоза иҷро менамояд.
Моҳи феврали соли 1993 Аҳмад Ализодаро раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон интихоб намуданд ва ӯ дар ин вазифаи пурмасъул то соли 1997 фаъолона ва пурсамару сарбаландона кор кард. Ана ҳамин натиҷаи меҳнати ҳалол, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, масъулияти баланди роҳбариаш буд, ки ӯ бо олитарин мукофоти Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи ИДМ – «Нишони нуқрагин» барои хизматҳои шоиста дар соҳаи иттифоқи касабаи ватанӣ ва байналмилалӣ сазовор гардид.
27 июни соли 1997 бо ҷаҳду талошҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон ба имзо расид ва хушбахтона кишвари мо бо роҳи тинҷию осоиштагӣ қадамҳои нахустин мегузошт. Аммо ногаҳон дар маркази вилоят –шаҳри Бохтар вазъи сиёсӣ каме мураккаб гардид. Полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев бо гуруҳҳои мусаллаҳи худ бинои маъмурии ҳукумати вилоятро тасарруф кард. Бинои телевизион ва радио ва якчанд нафар аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро гаравгон гирифт. Ана дар чунин вазъияти мураккабу ногувор бо даъвату дастури Пешвои миллат шаҳрвандони фаъол ва собиқадорони вилоят ҷамъ шуда, пеши роҳи хоинони миллатро гирифтанд. 16 июли соли 1997 дар шаҳри Бохтар Маҷлиси Муассисони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Рӯзи 18 июл бошад, як гуруҳ вакилони ин маҷлис барои иштирок дар Анҷумани якуми Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе рафтанд. Дар ин анҷумани муассисон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон якдилона Раиси Ҳаракати Ваҳдати Миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон ва Аҳмадҷон Ализода яке аз муовинони Раис интихоб гардиданд.
Барои дар амал татбиқ намудани шартҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Аҳмадҷон Ализода бо як гуруҳи калони ходимони давлатию ҷамъиятӣ, шоирону нависандагон ва аҳли санъати кишвар дар «Корвони Ваҳдати Миллӣ» барои суҳбату вохӯриҳо ба гуруҳи ноҳияҳои Раштонзамин рафтанд.
Ҳангоми суханронӣ аз минбар дар толори фарҳанги ноҳияи Рашт аз толор марди миёнаумре аз ҷойи нишаст бо овози баланд беодобона садо баланд кард:
- Бародар, рафта дар Ватани худат ба мардум ин насиҳатҳоро гӯй. Ин суханони Шумо ба мо лозим нест. Дар толор ва минбар, ки шахсиятҳои обрӯманд ҳузур доштанд, дар изтироб буданд, ки Ализода ба ин мард чӣ посух медода бошад?
Ӯ бо нармӣ ва лаҳни хуш гуфт:
-Бародари азиз, мо ҳама аз як қавму решаем. Падару бобоёни мо дар солҳои қаҳтию душвориҳо аз Кӯлоб бо хару аспҳо ғалладона оварда, аз ғарм себу ангуру нок мебурданд. Ватани ҳамаи мо Тоҷикистон аст ва мисраҳои шеърии устод Ҳақназар ғоибро илова кард:
Ту маро ёд куну чун нафари хона шинос,
Ту маро ёр шаву ёру рафиқона шинос…
Ту, ки аз авлоди манӣ, қарзи ту бисёртар аст,
Ту маро хуб шиносу на чу бегона шинос…
Фаъолияти аз ҳама пурмаҳсул ва пурсамари устод Аҳмадҷон Ализода ба солҳои 2010-2017 рост меояд, ки ӯ дар ин солҳо вазифаи раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Хатлон сарбаландона иҷро намуд.
Бо дастури Раиси муаззами ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сохтори ташкилӣ, таблиғотӣ ва молиявии ҳизбро аз сифр сар карда, ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба низом даровард.
Дар ин муддат ҳаққи узвият ба ҳизб моҳе то 300 ҳазор сомонӣ расид. Дар оғози фаъолияти ӯ ба ғайри бинои КИ вилоятӣ дар ягон шаҳру ноҳияҳои вилоят кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ бинои маъмурӣ надоштанд. То соли 2017 аллакай дар 9 шаҳру ноҳияҳои вилоят биноҳои маъмурии наву замонавӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо назардошти хуб шудани вазъи молиявии ҳизб бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҳамасола Аксияҳои ҳизбӣ, «Рӯзҳои ҲХДТ», Аксияи Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро мехонем» гузаронида шуда, дар тамоми вилоят ва ҷумҳурӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ ёфтанд.
Бо ташаббуси бевоситаи худи устод Аҳмадҷон Ализода аз ҳисоби аксияҳои ҳизбӣ ба 3 ҳазор оилаҳои камбизоат, 1 500 собиқадорони ҷангу меҳнат кӯмак расонида шуд.
Ӯ ҳамзамон солҳои 2015-2020 вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон буд.
Устод Аҳмадҷон Ализода тамоми дониш, таҷриба, истеъдод ва ҳастии худро ба хизмати халқу Ватан бахшид. Соли 2017 ба нафақа баромад. Вале бе кор нишаста натавонист. Фаъолияташро ҳамчун мутахассиси касбӣ дар Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор ва мушофири ректори Донишкада идома дода истодааст.
Бузургтарин саодат аст, ки дар ҷомеа шахси даркорӣ бошӣ, мақоми фаъолу арзанда дошта бошӣ ва сазовори эҳтироми ҳамагониро ноил гардӣ.
Воқеан ҳам ин марди шариф инсонест заминию хоксор, хушсухан, суҳбаторо, хайрхоҳи беозор, саховатпешаву покизареша, инсондӯст ва дорои садҳо хислатҳои накӯ.
Аз он меболаду мефахрад, ки тӯли фаъолияти пурбораш дар рушду суботи кишвар ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузоштааст.
Шиораш дар зиндагӣ чунин суханони пурҳарорату бошарафонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст: «Ман Ватани маҳбубам ва халқи азизамро сидқан ва беш аз ҷони худ дӯст медорам, зеро ман бо нону намаки халқам ба ин мартабаҳо расидам ва ин нону намакро то вопасин нафаси ҳаётам пос медорам ва ба он хиёнат намекунам».
Аъзам Бобоев,
узви Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: