Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тағйироти кадрӣ

Тағйироти кадрӣ

14-08-2017, 14:19
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
Тағйироти кадрӣ

Дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, таҳти раисии муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, иштироки узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар, Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ, 67 нафар аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Ба маҷлис баррасии 3 масъала : 1. Ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Раёсати он.

2. Озод намудани раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бинобар сабаби ба нафақа баромадан.

3. Интихоби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Аз тариқӣ овоздиҳӣ ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тағйирот ворид карда шуда, шумораи он, ки аз 73 нафар иборат буд, дар ҳайати 75 нафар тасдиқ карда шуда;
Тағйироти кадрӣ


-Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ – ҳуқуқшиноси Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Солиев Маҳмасабур Баҳорович – мудири шуъбаи кадрҳои раиси вилояти Хатлон ба аъзогии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб карда шуданд. Сипас, раисикунанда Бобоҷониён Р.М иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешгоми ҷамъият дар сафҳои худ он қувваи бузургу созандаеро муттаҳид намудааст, ки метавонанд дар раванди корҳои созандагию бунёдкорие, ки имрӯз дар саросари кишвари азизамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён доранд, саҳми муносиб дошта бошанд. Бахусус ҷавононе, ки имрӯз дар сафҳои ҳизби мо қарор доранд, дар роҳи пурмасъули давлатсозӣ метавонанд, ки аз уҳдаи рисолати бар дӯш гирифтаашон бо сарбаландӣ бароянд.

Аз ин рӯи, масъалаи ҷавонгардонии кадрҳо дар фаъолияти ҳизбӣ яке аз мавзӯҳое маҳсуб меёбанд, ки зери назари бевоситаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Ҳизби мо зимни фаъолияти худ аз таҷрибаи пешқадами собиқадорони ҳизб ба таври пурсамар истифода менамояд, ки барои кадрҳои ҷавони ҳизбӣ намунаи олии садоқат ба ғояҳои созандаи ҳизбамон мебошанд.

Муҳтарам Аҳмадҷон Ализода, ки бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сабаби ба синни мубораки нафақа расидан барои аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон озод намудан пешниҳод карда мешаванд, тӯли фаъолияти босамари худ дар сохтори вилоятии ҳизб барои таҳкими фаъолияти ҳизб як қатор ташаббусҳоро пешниҳод ва амалӣ гардонидааст. Аз ҷумла аввалин шуда, ситодҳои таблиғотии доимиамалкунандаи ҳизбӣ дар ҳудуди ҳамаи 154 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят ташкил дода шуданд, ки самаранок амал менамоянд. Инчунин дар 1500 деҳаву маҳаллаҳои ноҳияву шаҳрҳои вилоят гурӯҳҳои мобилӣ аз ҳисоби ҷавонони фаъоли синну солашон то 30 солаи аъзои ҳизб ташкил ва ба ҳайати ситодҳо шомил карда шудаанд, дар фаъолияти таблиғотии ҳизбӣ низ корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Чунончӣ маҷмӯи шиору овезаҳои ҳизбиро дар шакли кит оби алоҳида (албом) таҳия ва омода намуда, ба ҳамаи ташкилотҳои ҳизбӣ дастрас гардонида ва инчунин ба ташкилотҳои ҳизбии баъзе шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ пешниҳод карда шуд. Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар 7 соли охир зиёда аз 6 ҳазор шиору овезаҳои гуногунҳаҷми ҳизбиро дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ омода ва дар мавзеҳои муайян насб намуд. зимни фаъолияти Ализода Аҳмадҷон дар фаъолияти молиявии ҳизбӣ низ беҳбудӣ ба мушоҳида расид. Аввалин шуда дар ҷумҳурӣ тибқи Низомномаи молиявии ҲХДТ ва талаботи мақомоти молиявии кишвар ба роҳ мондани ҳисобу китоби молиявии ташкилотҳои ҳизбии вилоят роҳандозӣ гардида, таҷриба дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар пиёда карда шуд.

Амали ба тариқи ҳашари ҳизбӣ сохта ба истифода додани 7 бинои маъмурии ҳизбӣ дар ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Хуросон, Носири Хусрав, Фархор, Ҷайҳун, шаҳри Сарбанд ва ноҳияи Қубодиён аз таҷрибаи нодир дар фаъолияти Аҳмадҷон Ализода маҳсуб меёбад.

Ализода Аҳмадҷон дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва КИМ ҲХДТ саҳми арзанда гузоштааст.

Дар ин давра фаъолияти Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷиҳати ташкиливу низоми сохторӣ ва устувории мавқеъ дар ҷомеа боло рафт.

Дар давраи фаъолияти Аҳмадҷон Ализода Абдуқодир шумораи аъзои ҳизб дар вилоят қариб 5 баробар афзуда, аз 35930 нафар ба 175004 нафар расидааст, ки аз шумораи аввала 139074 нафар зиёд мебошад.

Имрӯз, ки Ализода Аҳмадҷон ба синни мубораки нафақа расидаанд, умедворем, ки дар оянда низ баҳри тарбияи кадрҳои ҷавони ҳизбӣ ва ташаккули иродаи сиёсии устувор дар ҷавонон саҳми худро мегузоранд.

Зеро ҳизби мо ба донишу заковат ва иродаву матонати собиқадорони худ эҳтиром мегузорад.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, аз номи худ ва аҳли нишаст муҳтарам Аҳмадҷон Ализодаро барои расидан ба синни мубораки нафақа ва тай намудани пайроҳаи пуршарафи ҳаётӣ муборакбод мегӯям.

Бори дигар аз номи роҳбарияти ҳизбамон ва шахсан аз номи худам ба муҳтарам Ализода Аҳмадҷон барои фаъолияти бисёр пурсамарашон дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон изҳори сипосу миннатдорӣ баён карда, ба онҳо комёбиҳо орзумандам. Ташаккури бениҳоят зиёд!

Дар хусуси аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон озод намудани Ализода Аҳмадҷон Абдуқодир қарори дахлдор қабул карда шуд.

Зимни баррасии масъалаи 3-юми рӯзнома Р. Бобоҷониён қайд намуд, ки тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳоди номзад ба мансаби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят дар асоси розигии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сурат гирифта, дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилоят интихоб карда мешавад.

Дар натиҷаи омӯзиш Раиси муаззами ҳизбамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Раҳмонзода Абдулло Қурбоналиро барои интихоб шудан ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пазируфтанд ва ҳамин номзадро барои интихоб дар маҷлиси Кумитаи иҷроия пешниҳод менамоям.

Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, санаи 21 феврали соли 1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 2000 ба бахши рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2005 бо гирифтани дипломи аълочӣ (сурх) хатм менамояд.

Фаъолияти меҳнатии худро дар кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи байналхалқии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳозира Донишкадаи моли ва иқтисоди Тоҷикистон) шурӯъ намуда, ба ҳайси ассистент ва муаллими калон фаъолият намудааст.

Соли 2009 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки Раҳмонзода Абдулло фаъолияти меҳнатии худро дар ин муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ идома дода, дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъба, сармутахассиси шуъба ва муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ ва соҳибкорӣ кору фаъолият намудааст.

Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ муаллифи чандин мақолаҳои илмию оммавӣ ва ҳаммуаллифи тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва тафсири Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» мебошад, инчунин мураттиби маҷмуа ва маводҳои тарғиботию ташвиқотӣ барои гурӯҳҳои тарғиботии ҳизбӣ мебошад.

Соли 2011 дар Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсии Осиё дар Ҷумҳурии халқии Хитой, солҳои 2012 ва 2014 дар Форуми байналмилалии ҷавонон «Авруосиёи ҷавон» дар Ҷумҳурии Арманистон ва соли 2017 дар сессияи махсуси ҷавонони кишварҳои иштирокчии Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат ва суханронӣ намудааст.

Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ аз моҳи январи соли 2013 дар Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати ҳуқуқшинос, ҳамзамон аз моҳи июли соли 2015 ба ҳайси Раиси созмони ҷавонони ҳизб «Созандагони Ватан» кору фаъолият менамояд.

Санаи 13 декабри соли 2014 дар Анҷумани 12 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ гардидааст. Оиладор соҳиби чор фарзанд мебошад.

Баъд аз муаррифӣ, Раҳмонзода А.Қ аз тариқи овоздиҳӣ якдилона раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб гардида, дар ин хусус қарори дахлдор қабул карда шуд.

Баъдан раисикунанда суханро ба Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дод.

Раҳмонзода А.Қ ба иштирокдорони маҷлис, барои дастгириашон изҳори миннатдорӣ намуда, онҳоро бовар кунонид, ки баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои барномавии ҳизб ба ҳизбу Ватан содиқона хизмат хоҳад кард.

Баъд аз суханронии А. Раҳмонзода, Р. Бобоҷониён ба А. Ализода Сипоснома ва туҳфаҳои таҳиянамудаи КИМ ҲХДТ-ро тақдим намуд.

Дар фарҷоми маҷлис Хидирзода Махфират Умар – муовини раиси вилояти Хатлон, Сафарзода Бахтовар - роҳбари Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шафиев Исмоил раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба кору фаъолияти пурсамари А Ализода суханҳои нек гуфтанд. Оид ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: