Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » AI: вазъи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон бадтар мешавад

AI: вазъи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон бадтар мешавад

25-02-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 309 нафар
Назарҳо: 0
AI: вазъи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон бадтар мешавад
Созмони байналмилалии Amnesty International (AI) зикр мекунад, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон дар соли гузашта бадтар шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз кодекси ҷиноятии нав ёдовар шудаанд, ки ба он моддаи "барангехтани низоъ" ворид гардид.

Дар гузориш аз парвандаи фаъолони шаҳрвандӣ Серикжан Мамбеталин ва Ермек Наримбоев ёдоварӣ шудааст, ки моҳи октябри соли гузашта боздошт шудаанд. Онҳо дар "барангехтани низоъ" дар пайи бознашри пораҳои ҷанҷолбарангези китоби "Пушаймонӣ" аз Facebook дар сафҳаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ айбдор шудаанд.

Бадшавии вазъи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистонро ҳамчунин ба тағйири қонуни созмонҳои ғайридавлатӣ бастагӣ медиҳанд. AI зикр мекунад, ки Остона аз иқдоми Русия "илҳом" гирифта, ба сармоягузории хориҷии созмонҳои ғайридавлатӣ вокуниши ҳамсон кард. Дар натиҷа қонун тавре ислоҳ карда шуд, ки ба таъсиси маркази назоратии сармоягузории созмонҳои ғайридавлтиро аз манбаъҳои хориҷӣ роҳ мекушояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: