Ҳабсу ихроҷ барои дар кӯча партофтани пасмондаи сигор6-02-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 420 нафар
Назарҳо: 0
Як шаҳрванди Ӯзбекистонро дар Қазоқистон барои партофтани таҳсигор ё пасмондаи сигор дар ҷои номувофиқ 3 рӯз ҳабс кардаанд.
Дар ин бора сомонаи қазоқии Tengrinews.kz дар такя ба хадамоти матбуотии додгоҳи вилояти Атирау хабар додааст. Дар хабар омадааст, ки шаҳрванди Ӯзбекистон пасмондаи сигорро дар ҷои номувофиқ партофта, бо ин рафтораш "ҷойи ҷамъиятиро ифлос карда, рафтори авбошона" анҷом додааст. "Бо қарори додгоҳ Қодиров Қ. бар асоси қисми 1, моддаи 434 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Қазоқистон гунаҳкор ҳисобида шуда, ба муҳлати 3 рӯз аз озодӣ маҳрум гардид. Тибқи банди "в", моддаи 28 Қонуни Қазоқистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хориҷиён", шаҳрванди хориҷӣ агар қонунгузории Қазоқистонро вайрон карда бошад, мумкин аст аз кишвар хориҷ шавад", - омадааст дар хабар. Додгоҳ қарор кардааст, ки давоми 10 рӯзи баъди эълони ҳукм шаҳрванди Ӯзбекистон аз Қазоқистон хориҷ шавад. ©И.Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.