Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САҲМИ БОНУВОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

САҲМИ БОНУВОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23-08-2021, 09:06
Хабарро хонданд: 102 нафар
Назарҳо: 0
САҲМИ БОНУВОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
КӮЛОБ. Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо таҳти унвони “Саҳми бонувон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тудакафш” бо иштироки занону бонувони собиқадор, ҷавонондухтарон бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ баргузор карда шуд.
Нахуст, Валиева Саъбагул ба сухан баромада, қайд намуд, ки имрӯзҳо мо дар арафаи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор дорем ва мебинем, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо аллакай даҳаи тантанаҳо бахшида ба ин ҷашни таърихӣ рафта истодааст.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳое мебошад, ки дар таърихи тоҷикон аз ҷиҳати сиёсӣ ва маънавӣ мислаш назире надорад.
Дар идомаи суҳбат Мунавараи Бозоралӣ иброз дошт, ки махсусан, барои мо ҷавонон дар замони истиқлолият тамоми шароитҳо муҳайё гардида, ҳатто дар давлатҳои хориҷи мамлакат барои такмил додани донишу малакаи худ ҷавонон таҳсил карда, баргашта ба Тоҷикистони азизи худ хизмат карда истодаанд.
Дар охир иштирокчиён баромад намуда, зикр карданд, ки мо занону бонувон зери сиёсати бохиради Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, кӯшиш мекунем, ки ин истиқлолияти, ки бо баҳои хуну ҷон омадарочун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: