ВОХӮРИҲО БАХШИДА БА 26 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ6-02-2017, 14:00
Хабарро хонданд: 165 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба 26 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Матлубот» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд. Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб ба сухан баромада, изҳор кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 90-ум ҷанги шаҳрвандиро паси сарнамуда, истиқлолияти давлатиро мардуми тоҷик бо ивази хуни садҳо ҳатто ҳазорҳо ҷавонмардону занон, пирону кӯдакон ба даст овард. Инчунин, таъкид ба амал овард, ки мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон ба қадри ин неъмати бебаҳо, яъне ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад. Мардуми мо ва махсусан, ҷавонон бояд ба рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ - Конститутсия, Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ чун ба муқаддасоти миллати озоду соҳибистиқлоли мо пайваста арҷ гузоранд ва онҳоро гиромӣ доранд. Дар рафти вохӯрӣ барои қабул шудан ба сафи ҳизб ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ботантана супорида шуд. Ҳамзамон, чунин вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи Борбад доир карда шуд, ки дар он муовини раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова Кенҷамо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Валиева Саъбагул ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ карда, вобаста ба дастовардҳои даврони истиқлолият ва қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.