Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Вохўриҳо

1-04-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 213 нафар
Назарҳо: 0
Вохўриҳо
Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат, дар 87 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вобаста ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, ки муҳимтарини онҳо эҳёи арзишу суннатҳои миллиамон мебошад, суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодааст.

Бо ин мақсад чунин вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчӣ» гузаронида шуд.

Дар вохӯриҳои доиргардида раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода ва сардори Раёсати маорифи шаҳр Тураев Холмаҳмад иштирок ва суханрони намуда, дар бораи хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ ва бахусус дар шаҳри Ваҳдат баромад намуданд.

Тибқи дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Ваҳдат, дар асоси нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» рӯзи 2 апрел бо иштироки аъзоёни ҳизб, ҷонибдорон ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳр шанбегӣ доир кунонда шуда, дар паҳлуҳои шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат зиёда аз 500 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.

Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат тасмим гирифтааст, ки то рӯзи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шанбегиҳоро доир намояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: