
Дар идомаи мулоқоту вохӯриҳои тарғиботии муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ва Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш” бо сокинони ҷамоати деҳоти Патар бо иштироки муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ ва муовини озоди Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирпочоева Мавҷудахон баргузор гардид. Зини чорабинӣ меҳмонон доир ба нақши Истиқлолият дар таърихи навини давлатдории миллӣ, шароити таърихии расидан ба он ва дастовардҳои давлату Ҳукумат давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ баромад намуда, тамоми пешрафти ҷомеа ва рӯзгори ободу осудаи сокинонро самара ва меваҳои истиқлол номиданд. Дар ин радиф, доир ба рафти корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози афкор намуда, сокинон барои саҳмгузорӣ ба раванди бунёдкорӣ ва шукргузорӣ аз фазои озоду рӯзгори обод даъват карда шудаанд.
Баъдан, барномаи адабӣ – фарҳангӣ чорабиниро шукӯҳи хоса бахшид.