Ҷашни 90-солагии арбоби ҳизбиву давлатӣ20-07-2017, 11:42
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
КОНИБОДОМ. Бахшида ба ҷашни 90-солагии яке аз чеҳраҳои баргузидаи диёр, ходими намоёни ҳизбиву давлатӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Конибодом Ҳасанов Қаҳҳор Ғафурович дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро раиси шаҳр аъзои Раёсати КИ ХХДТ Ғайбулло Боҳирӣ ҳусни оғоз бахшида, мухтасаран оид ба рӯзгори пурбаракат ва фаъолияти пурсамари соҳибҷашн сухан ронда, бо ин санаи фархундаи умр шодбошӣ намуд ва туҳфаҳои хотиравиии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим кард. Ҳамчунин, барои хизматҳои шоиста бар нафъи халқу Ватан, саҳми сазовор дар рушду пешрафти шаҳри Конибодом ва ба муносибати 90-солагӣ раиси шаҳр дар вазъияти тантанавӣ Қаҳҳорҷон Ҳасановро бо унвони ифтихории «Шаҳрванди фахрии шаҳри Конибодом» сарфароз гардонид. Сипас идомаи чорабиниро ровии хушбаён Нуъмонҷон Муъминов ба зимма гирифта, меҳмононро муаррифӣ намуд. Дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Султонзода Тоҷибой, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҷумҳурӣ Қудратов Раҳматулло, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Суғд Раҳматов Турсунбой, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии ҶТ Низомиддин Зоҳидӣ, ҳамчунин, як гурӯҳ меҳмонон, собиқадорони барӯманди меҳнат аз гӯшаву канори кишварамон ширкат варзиданд. Дар ҷараёни чорабинӣ меҳмонон, дӯстону шогирдони устод ба сухан баромада, аз кору фаъолияти бемонанд, таҷрибаи ғанӣ ва хислатҳои наҷиби Қ.Ҳасанов ёдовар шуда, дар ҳаққи устод меҳрномаҳои хешро иброз доштанд. Дар баробари зикри фаъолияти собиқаи устод ҳамчунин қайд карда шуд, ки Қ.Ҳасанов тайи 15 сол аст, ки вазифаи раиси Шӯрои собиқадоронро бар уҳда дошта, дар ин муддат барои пешбурди кори Шӯро, ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои собиқадорони ҷангу меҳнат, дар руҳияи ватану ватандорӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон нақши бориз мегузорад. Ҳамчун насиҳатгару роҳнамои мардум ва таблиғгари арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди маънавию ахлоқии ҷомеаи имрӯз саҳмгузор аст. Зиндагиномаи ибратбахши Қаҳҳорҷон Ҳасанов дар ҳақиқат ҳамчун намунаи барҷастаи мактаби одамгарӣ эътироф гардидааст. Аз ҳама муҳимаш Қаҳҳорҷон Ҳасанов ҳамчун инсони наҷибу хоксор, фарди нотакрор ва матинирода миёни пиру барнои диёри азизаш соҳиби иззату икром аст. Созу оҳангҳои марғуби санъаткорони мумтози шаҳри Конибодом ба чорабинӣ ҳусни хоса зам намуд. Ҳунармандони театри давлатии драмаи мусиқии шаҳр аз ҳаёти Қ.Ҳасанов саҳнаи ҷолиберо пешкаши иштирокдорони чорабинӣ намуданд. Дар фарҷом соҳибҷашн ба сухан баромада, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти маҳаллӣ барои баргузор намудани ин чорабинии бошукуҳ ва ба меҳмонон ҷиҳати ташриф ва суханрониҳояшон изҳори ташаккур намуд. Ҳамчунин, иброз дошт, ки бо шукргузорӣ аз замони тинҷу осуда, ваҳдату якдилӣ ва истиқлолияти комили давлатӣ бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ минбаъд низ баҳри пешрафти диёр, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва садоқат саҳмгузор хоҳад буд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.