Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » То абад боши ту соҳибихтиёр

То абад боши ту соҳибихтиёр

16-08-2021, 08:59
Хабарро хонданд: 147 нафар
Назарҳо: 0
То абад боши ту соҳибихтиёр
То фаро расидани санаи фархундаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои ба шумор мондааст ва ба хотири таҷлил аз ин санаи таърихи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси маззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври шабонарӯзи кору фаъолият карда истодаанд.

Имсол нисбати солҳои қабл таҷлили ин сана хеле тафовут дорад. Зеро дар соли ҷори мо 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирем ва тафовути асоси дар он аст, ки ба хотири ин сана дар саросари кишвар корҳои ободонию созандагии зиёде ба нақша гирифта шудааст. Ҳарчанд, ки мо иқтисоддон ва меъморчи нестем, аммо ба назар мерасад, ки нақшаи корҳои ободонию созандагие, ки ба хотири дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолият рӯи даст гирифта шуд ва марҳила ба марҳила сохта шуда истодаанд ва ин корҳои ободоние, ки ба истиқболи ин сана сурат мегирад, баробар ва ҳатто болотар аз заҳмати 20-солаи мамлакат мебошад. Барои мисол тасаввур кунед, ки то 25-солагии Истиқлолияти давлати ҳамасола дар кишвар чанд иншоот сохта мешуд ва ё чи қадар корҳои ободони сурат мегирифт. Албаттта мо заҳмату талошҳои солҳои қаблиро сарфи назар кардани нестем, аммо бубинед тафовут чи гуна аст. Ба хусус дар давоми се солаи охир чӣ қадар корҳои ободонӣ ё худ иншоотҳои хурду бузург сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Бо ин нукта мо гуфтани ҳастем, ки таҷлили ҷашни муқаддасӣ миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарор аст санаи 9-уми сентябри соли ҷори сурат гирад, як чорабини ё ҷашнвораи одди нест. Он як ҷашворае аст, ки мустақилияти миллату давлати тоҷик ва дар давоми се даҳа ба чи дастовардҳо ноил шудани мамлакат ва пойдорию сулҳу суботу оромии мамлакатро баҳогузори ва ба ҷаҳониён муаррифи мекунад. Аз ин маълум мешавад, ки таҷлили бо шукӯҳи 30 солагии Истиқлолияти давлати вазифаи як ҳукумат ва ё як роҳбару шахси масъул нест, балки ин масъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ба тули 30 соли соҳибистиқлоли назар афканем мебинем, ки чӣ қадар азобу машаққатҳо паси сар шуданд. Барои ба эътидол омадани вазъияти солҳои 90 –ум дар кишвар, баргардонидани гурезаҳо, таъмини суботи сиёсӣ дар кишвар, бунёди хонаҳои валангор гаштаи сокинони мамлкат дар оташи ҷанги он солҳо, барқаросозии сохти ҳокимяти фалаҷ гашта, соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигар инфрасохторҳои маишию иҷтимоӣ ва расидани рӯзҳои нек чӣ машаққатҳову душвориҳо аз сар гузаштанд. Дар баробари ин амалишавии се ҳадафи бузург: Расидан ба истиқлолияти энергетикї, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ.

Бо ба даст омадани соҳибистиқлолият зери сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама ҳадафу нақшаҳои боло зикр марҳила ба марҳила рӯи кор омаданд. Дар баробари ин ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ саноъатикунонии мамлакат ба нақша гирифта шуд ва то ба имрӯз дар мамлакат чандин иншоотҳои хурду бузурги саноъати сохта шудан ва сохта шуда истодаанд. Ҳамаи ин тадбиру барномаҳо роҳи амалишавии худро дорад ва пеш аз ҳама барои амалӣ намудани чунин ҳадафҳо вақту замон, шароит ва вазъи орому осудаю иродаи созандагӣ хеле зарурист ва хушбахтона зери сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи шароиту имкониятҳо дар мамлакат по барҷост. Вазъияти мураккаби ҷаҳони имрӯз алахусус худхоҳиву қудратнамои дар сайёра як амри маъмули шудааст. Дар ҷаҳон кишварҳое ҳастанд, ки садсолаҳо боз соҳибистиқлоланд, аммо чунин фазои оромию осудагӣ ва нақшаю тадбирҳои созандагиро надоранд. Мисоли равшан кишвари ҳамзабон ва ҳамҷавори мо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст, ки беш 90 соласт, ки соҳибистиқлоласт, аммо ҳеҷ фазои орому осуда ва суботи комили сиёсиро надорад. Ҳамагон тариқи расонаҳо огаҳи доред, ки фазои имрӯзаи ин кишвари ҳамҷавор чӣ гуна аст. Дар ин росто бояд қисса карду шукронаи оромию осудагӣ ва соҳибихтиёриро кард. Зеро, ҳамаи давлату миллат ниёз ба ободию озодӣ дорад, аммо имрӯз миллати шарифи Афғонистон ба ободию созандагӣ не, балки ба як дам осудагӣ ниёз дорад, ҳамон осудагӣ дар кишварашон дағалона поймол мешавад. Агарчи имрӯз баъзе давлатҳо барои як лаҳзаи осудагии ва субот ниёз доранд, хушбахтона мо инро дорем, мо имрӯз ба хотири пешрафту тараққиёт дасту по мезанем. Хушбахтона имрӯз дар мамлакат дар баробари дигар корҳои азиму созандагӣ ба оддитарин шароити маиши мардум аҳамият дода мешавад. Ҳамаи ин нишон аз онаст, ки суботу оромии комил дар кишвар побарҷост ва миллати тоҷик бояд шукронаи онро ҳамеша ба ҷо орад.

Субҳи истиқлоли мо си-сола шуд,

Душмани тоҷик кунун бечора шуд.

Си баҳори бахти мо гул-гул шукуфт,

Бар диёри мо муросо омадаст.

Миллати ман ҷойгоҳат нури чашм,

Миллати ман кам набини шоду бахт.

Миллати ман шоҳи ту арзандааст,

Бар чунин кору барин болои тахт.

Саидвоҳид Ҳоҷизода

мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти

КИ ҲХДТ дар Кӯҳистони Мастчоҳ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: