ДАСТАИ «ЧАШМАСОР» БАРАНДАИ ҶОМИ ҲХДТ16-08-2021, 08:40
Хабарро хонданд: 145 нафар
Назарҳо: 0
А. ҶОМӢ. Бо ибтикори КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи “Рушди футбол дар деҳаҳо барои солҳои 2021–2024” имрӯзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи кишвар мусобиқаи футболи хурд байни бозингарони ғайрикасбӣ барои ба даст овардани Ҷоми ҲХДТ бо маром идома дорад. Дирӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ даври ниҳоии ин мусобиқа байни дастаҳои маҳаллаҳои “ЧАШМАСОР” ва “ТОҶИКИСТОНИ СУРХ” баргузор гардид. Дастаи “ЧАШМАСОР” маҳорати баланди варзишӣ нишон дода ба дарвозаи ҳарифи худ се туби беҷавоб зода бо ҳисоби 3 бар 0 ғалаба ба даст оварда ғолиби мусобиқа ва барандаи ҶОМИ ҲХДТ гардиданд. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода , муовини раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода, роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, муовини раиси ноҳия Муминзода Мастура Табарӣ ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Саидҷон Муминов иштирок ва суханронӣ намуда таъкид доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди футбол таваҷҷуҳи хосса дошта, солҳои охир барои машҷу тамрин садҳо варзишгоҳҳо бунёд шуда, даҳҳо ҷеҳраҳои нави футболбоз ба ин намуди варзиш шуғл меварзанд. Баргузории чунин мусобиқаҳо ваҳдати ҳамдилиро байни инсонҳо қавӣ намуда, ҷавононро аз амалҳои номатлуб эмин медорад. Ҳамзамон он ба солимии ҷисму руҳ ва иродаи ҷавонон таъсиргузор аст. Сипас дар вазъяти тантанавӣ ба дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, футболбози беҳтарин ва ҳамчунон довари беҳтарини мусобиқот тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ супорида шуд. Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа медал ва Ҷоми рамзии кумиҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ тақдим гардид. Дар охир бо садо додани суруди миллӣ ба мусобиқоти мазкур ҳусни анҷом бахшида шу |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.