
Ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳамкори бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва Федератсияи футболи шаҳр тайи чанд рӯз аст, ки дар варзишгоҳи «Спартак» мусобиқаи футбол барои ба даст овардани Ҷоми кумиҷроияи шаҳрӣ идома дорад. Дар он 10 дастаҳо аз ташкилоту корхонаҳо ва кумитаҳои маҳаллаҳо ширкат варзида, маҳорати худро нишон дода истодаанд. Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, густариш додани муносибати дӯстии байни маҳаллу корхонаҳо ва рушди намуди варзиши футбол мебошад. Аз ҷараёни мусобиқот дар хабарҳои баъдӣ маълумот хоҳем дод.