Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷон Керрӣ аз мушкилоти оташбаси Сурия ҳушдор дод

Ҷон Керрӣ аз мушкилоти оташбаси Сурия ҳушдор дод

24-02-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
Ҷон Керрӣ аз мушкилоти оташбаси Сурия ҳушдор дод
Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ гуфт, қарордоди ниҳоӣ барои оташбас дар Сурия хушҳол аст.

Вай ҳамаи ҷонибҳоро барои риояи комили шартҳои ин қарордод даъват кард, хабар медиҳад Департаменти давлатӣ дар баёнияи махсус.

Агар ин қарордод иҷро шавад ва ҷонибҳо онро риоя кунанд, оташбас имкон медиҳад, ки шиддати хушунат коҳиш ва расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба минтақаҳои муҳосирашуда бештар шавад. Вай ҳамчунин гуфт, ин қарордод ба раванди гузариши сиёсӣ ба ҳукумате, ки мардуми Сурия онро интизор аст, мусоидат мекунад.

Ҷон Керрӣ ҳамчунин аз мушкилиҳои зиёде дар оянда дар мавриди иҷрои ин қарордод ҳушдор дод. “Ҳамаи тарафҳо бояд вазифаҳои худро тибқи ин қарордод риоя кунанду қатъномаи 2254 Шӯрои Амнияти СММ-ро комилан иҷро кунанд. Онҳо вазифадоранд аз ҳамлаҳо ба ҳамдигар, аз ҷумла бомбаборон худдорӣ кунанд”, - гуфт котиби давлатӣ. “Ҳамаи ҷонибҳо ҳамчунин бояд дар тӯли ин муддат тамоми талошро барои он сарф кунанд, ки ин даргирӣ бо роҳи сиёсӣ ҳалли худро пайдо кунад”, - афзуд Ҷон Керрӣ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: