ИМА ва Русия ҷузъиёти қарордоди Сурияро мушаххас мекунанд23-02-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 326 нафар
Назарҳо: 0
Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ эълон кард, ки бо ҳамтои русаш, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ба созишномаи муқаддамотӣ дар мавриди шароити оташбас дар даргирии Сурия наздик шудаанд.
Ба гуфтаи котиби давлатии ИМА, сухан аз қарордоди калидии қатъи хунрезист, ки метавонад дар рӯзҳои наздик мавриди иҷро қарор гирад. Изҳороти Ҷон Керрӣ дар нишасти матбуотӣ дар Уммон садо дод, ки пештар дар он ҷо бо вазири корҳои хориҷии Ӯрдун мулоқот дошт. Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, онҳо якҷо бо Лавров изҳори умедворӣ карданд, ки президентҳои ИМА ва Русия дар рӯзҳои наздик масъалаи Сурияро баррасӣ карда, охирин мушаххасотро ба ин қарордод илова мекунанд. Вай афзуд, ҳар ду ҷониб баррасии «ҷузъиёт»-и ин ҳуҷҷатро ба поён мерасонанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.