Сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Самарқанд29-10-2015, 09:30
Хабарро хонданд: 541 нафар
Назарҳо: 0
![]() Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, вохӯрӣ дар Самарқанд дар шакли нави муколама миёни ИМА ва давлатҳои Осиёи Марказӣ «С5+1» баргузор гардида, иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои марбут ба мушкилоти минтақавӣ ва глобалиро баррасӣ мекунанд. Дар ҷаласаи мазкур ба ҷуз Котиби давлатии ИМА, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон, бори нахуст вазири корҳои хориҷии Афғонистон низ иштирок мекунад. Қаблан дар доираи кори Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк рӯзи 26 сентябри соли равон Ҷон Керри бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ дидору гуфтушунид карда буд. Он замон ҷонибҳо ба мувофиқа расида буданд, ки имкони баргузории муколамаҳои минбаъда дар шакли «С5+1»-ро ба иловаи робитаҳои мавҷудаи дуҷониба баррасӣ мекунанд. ©Аваз Юлдошев ©news.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.