Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ТАВАҶҶУҲ! Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ гардид Июль 23, 2021 09:07

ТАВАҶҶУҲ! Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ гардид Июль 23, 2021 09:07

23-07-2021, 14:12
Хабарро хонданд: 143 нафар
Назарҳо: 0
ТАВАҶҶУҲ! Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ гардид Июль 23, 2021 09:07
ДУШАНБЕ, 23.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иттилои сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ ва барқарорсозии таҷҳизоту иншооти «Силсиланеругоҳҳои барқи обии Варзоб» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронии солҳои 2021-2022 интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 01:00-и 23 июл то соати 00:00-и 24 июли соли 2021 қатъ мегардад.

Маҳаллаҳое, ки дар ноҳияи Сино бе об мемонанд, инҳоянд:
Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз», кӯчаи Варзишгарон, инчунин маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Қарамиршикор, кӯчаи Бобо Ҳамдам, Бунгоҳи гармитақсимкунии-2 дар маҳаллаи 83 оби нӯшокӣ;

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
қатъи интиқоли об аз истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён сар шуда, инчунин хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи Самад Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, Шевченко, Шероз, Саид Носир, Шотемур, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдулло Командир, Маҳмадулло Холов, Лоиқ Шералӣ, Ғанӣ Абдулло, Азизбеков, Фазлиддин Шаҳобов, Лев Толстой, Мирсаид Миршакар, Ҳофизи Шерозӣ, Пушкин, Теҳрон, Шафақ, Исомиддин Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қурбон Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, Умари Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои Пӯлод Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Умари Хайём то кӯчаи Самад Ғанӣ), Боғи Садриддин Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ, Бунгоҳи гармитақсимкунии-1 дар кӯчаи Саид Носиров ва шаҳрчаи тандурустӣ муваққатан бе об мемонанд;

Дар ноҳияи Шоҳмансур
дар маҳаллаҳои Нисор Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1, 2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, Аҳмади Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академик Раҷабовҳо ва Садриддин Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77 муваққатан қатъ мешавад;

Дар ноҳияи Фирдавсӣ
дар кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Неъмат Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад.

Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе муваззаф гардиданд, ки дар ин давра бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои мазкурро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: