Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ТАВАҶҶӮҲ: интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе аз маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Сино як шабонарӯз қатъ мешавад

ТАВАҶҶӮҲ: интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе аз маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Сино як шабонарӯз қатъ мешавад

13-03-2018, 08:10
Хабарро хонданд: 194 нафар
Назарҳо: 0
ТАВАҶҶӮҲ: интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе аз маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Сино як шабонарӯз қатъ мешавад

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби пайваст намудани қубури хобонидашудаи қутраш 426 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 1200 мм, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ, дар иншооти «Маркази барқу гармидиҳии 2» интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Мухторов, Нодира ва ҳудуди ноҳияи Сино- маҳаллаи Комсомол аз соати 22:00 рӯзи 13 март то соати 24:00 рӯзи 14 марти соли 2018 қатъ мегардад.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бора қарори Раиси шаҳр ба имзо расида, тибқи он раисони ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: