Сокинони пойтахт, барои як шабонарӯз об захира намоед!25-10-2016, 09:26
Хабарро хонданд: 193 нафар
Назарҳо: 0
/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикӣ дар шабакаҳои обтаъминкунии пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ ба сокинони шаҳр муддати як шабонарӯз қатъ мегардад. Аз ҷумла, аз соати 22:00 26 октябр то соати 24-и рӯзи 27 октябри соли равон интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Наҷмиддин Абдуллоев (ноҳияи Фирдавсӣ), кӯчаҳои Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебунисо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов, Фучик, Карин Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ-аз бинои саристгоҳи роҳи оҳан то меҳмонсаройи «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши Фурудгоҳ, маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон, Комбинати коркарди чӯб (ноҳияи Шоҳмансур) қатъ мегардад. Инчунин аз соати 22:00- и 2 ноябр то соати 24:00-и 3 ноябр интиқоли оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои 43, 64, 65 ва кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) ва маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона ва Ҳаёти нав, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, Ханжин (ноҳияи Сино) қатъ карда мешавад. Ҳамзамон интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 22:00 9 ноябр то соати 24:00 10 ноябр ба сокинони маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ) (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ва Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ қатъ мегардад. Ҳамзамон дар ин рӯз интиқоли об дар маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаи 1-и то 77-и ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол Қазоқон-1,2 ва Қарамиршикор, шаҳракҳои 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1, 2, Испечак 1, 2, Муҳандис ва кӯчаи Бобо Ҳамдами ноҳияи Сино, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Н. Қарабоев то хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор, кӯчаи Миралӣ, 23, 24-и ноҳияи Фирдавсӣ ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе қатъ мешавад. Инчунин муддати як шабонарӯз, аз соати 16:00- и 16 ноябр то соати 24:00-и 17 ноябр интиқоли оби нӯшокӣ ба сокинони маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ (ноҳияи Сино) ва Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ, Кохи Наврӯз ва кӯчаи Варзишгарон, инчунин дар хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) қатъ карда мешавад. Вобаста ба ин сокинони кӯчаҳои зикргардидаро зарур аст, ки барои як шабонарӯз оби нӯшокӣ захира намоянд. Дар ин хусус сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.