Дар баъзе минтақаҳои шаҳри Душанбе аз 8 то 9 август ба муҳлати як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад8-08-2018, 10:20
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохтмони марҳилаи дуюми обполакҳои зудамали регӣ дар Истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ», барои пайваст намудани қубури қутраш 800 мм-и аз зери сохтмон кӯчонидашуда интиқоли оби нӯшокӣ аз Истгоҳи мазкур муваққатан қатъ мегардад. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи нақшаи тасдиқгардида аз соати 22:00 рӯзи 8 то соати 22-00 рӯзи 9 августи соли равон интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди зерини пойтахт қатъ мегардад: —ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ; -ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77; -ноҳияи Сино, маҳаллаҳои 10-15, 15А, 31, 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Қарамиршикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам; -ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе. Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, раисони ноҳияҳои пойтахт ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамзамон аз сокинони пойтахт хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯз ба миқдори зарӯрӣ оби нӯшокиро захира намоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.