
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 234 донишҷў аз табақаҳои ниёзманд таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 6 нафар ятими кулл ва 228 нафар нимятим буда, ҳамеша аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ зери таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, дар рафти таҳсил ба онҳо имтиёзҳо дода мешавад.
Ин нуктаро ректори донишгоҳ-Қурбонзода Маҳмадалї Раҳмат 14 июл зимни нишастї хабарї ба рўзноманигорон иттилоъ дод.
Дар ин бора, ҳамчунин, зикр гардид, ки аз ҷониби муассиси донишгоҳ-Иттифоқи Тоҷикматлубот ятимони кулл ва маъюбони гурўҳҳои 1-2 ва 3-юм аз пардохти ҳамагуна маблаѓҳо озод карда шудаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки ин ѓамхориҳои роҳбарияти донишгоҳ илҳом аз дастгириҳои падаронаи Пешвои миллат ҷиҳати бепарастону маъюбон буда, боиси ифтихор низ ҳаст.
Дар баробари ин, ҳангоми нишасти матбуотї ҷиҳати аз ваксинатсия гузаштани муҳассилин қайд гардид, ки аз шурўи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус то имрўз зиёда аз 460 донишҷў ва устодони донишгоҳ ихтиёран аз ваксинатсия гузаштаанд, ки ин шумора давомёбанда аст.
Қурбон АҲМАДЗОДА