
“Дар нақша аст, ки оянда дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ихтисоси журналист-омўзгор ва телевизион таъсис диҳем”, - зикр намуд, ректори донишгоҳи мазкур, доктори илмҳои таърих, профессор Нўъмонҷон Ғаффорӣ зимни нишасти матбуотїӣ
Ҳамчунин, оид ба саволи хабарнигорон, ки ҷҷиҳати аз ваксина гузаштани донишҷўёни дар маршировка қарордошта ректор чунин баён дошт: “90 дарсади донишҷўёни ДДОТ, ки дар омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Итиқлоли давлатӣ сањм гузоштаистодаанд аз ваксинатсия гузаронда шудаанд. Аксарияти ин донишљўён истиќоматкунандаи пойтахтанд. Саломатии онњо њамеша дар мадди назари мо ќарор дорад. Инчунин, бунгоњи тиббии донишгоҳ ҳам дар майдони тамрин ва њам дар худи донишгоҳ фаъол аст”.
Зикр шуд, ки дар донишгоҳ шахсони имконияташон маҳдуд ҳамеша таҳти дастгирӣ ва кумакҳои роҳбарияти донишгоҳ қарор дошта, аз ҳисоби маблағҳои сармоягузории хориљӣроњравњои махсус бунёд шуда, ҳар моњ ба онҳо ба миқдори сад сомонӣкумак расонда мешавад.
Дар охир, Нўъмонљон Ѓаффорї бо як њисси шодї аз таљлили 90-солагии Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С.Айнї ёдовар шуда, иброз дошт, ки ба ин муносибат аз ҷониби раёсати донишгоҳ «Энсеклопедияи донишгоҳ» ва китобҳои «Қобуси донишгоҳ», «Омўзгор чароғи рўзгор» чоп мегарданд.
Қурбон АҲМАДЗОДА