Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Эволютсияи нав дар зиндагиномаи инсонӣ

Эволютсияи нав дар зиндагиномаи инсонӣ

14-07-2021, 10:27
Хабарро хонданд: 243 нафар
Назарҳо: 0
Эволютсияи нав дар зиндагиномаи инсонӣ
Таълим ва тарбияи насли муосир аз волидон, мураббиёну омӯзгорон ва мо калонсолон масъулияти махсусро талаб мекунад. Зеро инсони хуб тарбия ёфтаву тафаккури баланд дошта, дар бино кардани ҷомеи навин саҳми арзанда мегузорад. Тарбияи маънавию ахлоқии инсон ҳамчун рукни асосии ғояи давлатдорӣ аст ва яке аз самтҳои асосӣ дар раванди рушди ҷомеа маҳсуб меёбад. Айни замон тарбия дар заминаи анъанаҳои миллӣ, ҳисси масъулияту вазифашиносӣ, худшиносии миллӣ, меҳнатдўстиву ватанпарварӣ, инсондўстиву поквиҷдонӣ, ҳақиқатҷўӣ, кадршиносии миллӣ сурат мегирад. Раванди тарбия дар асоси "Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамчун самти афзалиятноки соҳаи таҳсилот ва ҳаёти иҷтимоии кишвар эътироф гардидааст.

Тафаккури насли муосир
Тӯли 25 сол ба ҷуз дар ҷодаи журналисти фаъолият карданам, ҳамвора дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ дарс гуфтаам. Дар тӯли солҳои сипарӣ гардида, ҳолатҳои равонӣ, дараҷаи дарсазхудкунии шогирдонро омӯхтаам ва мувофиқ ба нишондоди дастурҳои методӣ, роҳу равишҳои гуногуни таълимиро дар машғулиятҳоям истифода бурдаам. Аз мушоҳидаҳо ва таҷрибаи гирифтаам мехостам чанд андеша роҷеъ ба таълиму тарбия иброз дорам.
Борҳо хондаем, ки тарбия ҳанӯз аз даврони дар батни модар будани инсон оғоз ёфта, дар муҳит, оила, мактаб ташаккул меёбад. Мавзӯи таълиму тарбия ҳамеша дар назди инсон манзалати махсус дошт ва барои пайдо кардани роҳу усулҳои тарбияи хуб олимони соҳа, равоншиносон, омӯзгорону мураббиён усулҳои зиёдеро мавриди истифода қарор додаанд. Масалан дар Юнони қадим то 7 солагӣ кӯдакро ҷисман обу тоб дода, бо машқҳои алоҳидаи варзишӣ баданашро неруманд мекарданд. Чунин усул дар таърих бо унвонии “тарбияи спартанӣ” ва “тарбияи афинагӣ” маъмул шуда буд. Албатта тарбия бадан хуб аст, аммо он наметавонад дараҷаи ақлонии инсонро баланд бардорад. Барои ин дигар усулҳои таълимӣ ва тарбиявие даркоранд, ки дар ташаккул ва тафаккури инсонӣ таъсир расонанд.

Усулҳои замонавии тарбия

Дар ҷомеаи муосир шабакаҳои интернетӣ чунон пешрафт кардаанд, ки фаъолияти самароноки илму фановарӣ, техникаву технология, касбу ҳунар, садо ва симо, санъат ва дигар шохаҳои кории ҳаётро бе онҳо тасаввур кардан ғайри имкон аст. Маҳз ҳамин пешрафт тақозои онро дорад, ки насли имрӯза бояд зеҳнияти хуб ва тафаккури баланд дошта бошад.
Агар ин мазмунро дигархел баён созем, усулҳои наву замонавии таълиму тарбия барои насли имрӯза бояд пайдо карда шавад. Баъзан мебинем, ки кӯдакони аз 3 то 5 сола истеъдоди фавқулода доранд ва аз худ ҳунару маҳорате нишон медиҳанд, ки кас ба ҳайрат меафтад. Бо телефон ва компютор озодона бозӣ мекунанд, ҳол он ки махзани луғавии онҳо ҳамагӣ 200-300 калимаро ташкил медиҳад ва дараҷаи фикрронияшон маҳдуд аст. Аз ин бармеояд, ки майнаи инсони муосир зиёд рушд кардааст. Инро метавон эволютсияи нав дар ҳукми зиндагиномаи инсонӣ номид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инкишофу пешрафти мактабу маориф ва илмро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат муайян карда, баҳри ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва такмили пойгоҳи моддӣ–техникиии муассисаҳои маориф пайваста ғамхорӣ менамояд.

Шинохти ҷанбаҳои интернетӣ

Дар ҷомеаи муосир барои таълиму тарбияи насли нав мураббӣ, омӯзгорони дониш ва қобилияти хуби замонавӣ дошта даркоранд, ки шогирдонро ба паҳлуҳои мухталифи шинохти кор дар компютор, ҷанбаҳои интернетӣ, хуб ва ё бад будани фаъолияти онҳо, аксу суратҳои фейкӣ ва ташхиси онҳо, клонҳо (шоха) ва дигар барномаҳои интернетӣ шинос карда тавонанд. Инчунин, дар боби падидаҳои номатлуб ва хатарзои интернет, ба монанди фейкҳо, кибербулинг, кибертерроризм, лайкинг бояд маълумот дошта бошад, ҷузъиётҳои хубу бади онро ба шогирдон фаҳмонда тавонад.
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки дар замони имрӯза мақом ва манзалати интернет бо тамоми ҷузъиётҳои хубу бадаш боло рафтааст. Борҳо дар боби таъсири муҳтавои интернетӣ китоб ва мақолаҳои зиёде навиштаанд ва ин мазмун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Аммо ҳаминро бояд гуфт, ки омӯзгор вазифадор аст, ки хонандаро барои дарки дурусту фаҳмиши баланд доштан водор созад, то хонанда тавонад маънии гирифтаашро дар мизони ақл баркашида хулосабарорӣ кунад. Маҳз ҳамин хулосабарории хонандаро омӯзгор моҳирона таҳлил карда, ба он баҳои ҳаққонӣ диҳад ва агар дар он ақидаҳои ғалат бошад ҳам тавонад бо сухани худ талабаро қонеъ гардонад.

Идеал дар шуури инсон

Бештари ҷавонон ва наврасони насли гузашта, нафареро ба худ идеал интихоб мекарданд ва дар давоми ҳаёт кушиш мекарданд, ки ба идеали худ монанд бошанд. Чунин идеалҳо падару модарон, саъатварон, муаллимон, ҳунармандони кино, сиёсатмадорон ва дигар ашхоси номӣ буданд ва идеали интихобшуда, дар тарбияи онҳо ва ба қуллаи мурод расиданашон нерую тавон мебахшид. Ба шахсе монанд будан ва ба ӯ пайравӣ кардан инсонро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад ва дар ниҳодаш меҳру муҳаббат, орзӯю ниятро мепарварад. Мутаассифона дар ҷомеаи имрӯза идеалҳои наве пайдо шудаанд, ки хислати манфӣ доранд ва онҳоро мо дар кино, шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳои электронии иттилоотӣ мебинем. Чунин идеалҳо инсонро ба роҳи бад мебаранд, ҳатто ба ҷиноят тела медиҳанд. Чаро иддае аз наврасон ва ҷавонон ба чунин “идеалҳо “ пайравӣ мекунанд?
Қабл аз ҳама аз ҷониби наврасон пайравӣ кардан ба чунин идеалҳо, таъсиррасонии муҳити беруна ва бегона аст. Баъзан мо шоҳиди он мегардем, ки ҷавонон ба ҳар гуна воситаҳои таъсиррасон, ба монанди сомонаҳои интернетӣ, кино ва бозиҳои киберпанкӣ, (як намуд жанри фантастикӣ) эътимод пайдо мекунанд ва руҳияашон тағйир ёфта, ба роҳи бад мераванд. Сабаби дигар бетафовутии волидон ва омӯзгорон мебошад.

Театри як ҳунарманд

Муаллим вазифадор аст, ки ба тафаккури чунин шогирдон таъсири мусбӣ расонад ва нагузорад, ки шогирд ба роҳи бад равад. Ба андешаи ман омӯзгор бояд ҳунари актёрӣ ва ё қобилияти хуби суханварӣ дошта бошад. Бубинед, саҳнаи синфхона ва ё аудитория ба саҳнаи театр ва кино андаке бошад ҳам шабоҳат дорад. Дар саҳнаҳои театр ва кино агар ҳунармандони зиёде нақш офаранд дар синфхона бошад, танҳо омӯзгор нақш меофарад. Аммо тамошобинон наврасон, ҷавононанд ва сужаи дарс таълиму тарбияро дар бар мегирад. Аммо мазмуни ин сужаро омӯзгор метавонад мувофиқи дид ва нигоҳи худ ба хотири аз ҷониби хонандагон матраҳ ёфтани мавзӯъ ба онҳо расонад. Машғулият бояд якранг ва дилбазан набошад, балки он мазӯеро дар бар гирад, ки ҳамбастагӣ ба тафаккури замонавӣ дошта бошад.
Иддае аз олимони соҳа санъати омӯзгориро театри як ҳунарманд мешуморанд. Ҳар як дарси мушаххас як навъ бозии педагогӣ мебошад, ки дар он муаллим ҳам сенариянавис ҳасту ҳам нақшофар ва қобилияти ҳунарии ӯ зимни гузаронидани дарс ва азхудкунии мавзӯъ аз ҷониби хонандагон дида мешавад. Соҳибҳунар будани муаллим дар маҳорати ӯ ба назар мерасад. Дар давоми фаъолияти педагогиям борҳо мушоҳида кардаам, ки шогирдон аз иддае муаллимон шикояд мекунанд, ки дарсашонро намефаҳманд ва машғулияташон шавқангез нест. Ҳамаи ин аз беҳунарӣ ва ноуҳдабароии муаллим дарак медиҳад. Бузургтарин педагоги рус А.С.Макаренко навиштааст: “Омӯзгори ҳаққони шахсе шуда наметавонад, ки мимикаи хуб, овози гиро ва нигоҳи сеҳрангез дорад”.
Омӯзиши сиёсии омӯзгор низ муҳим арзёбӣ мешавад, зеро омӯзгор ҳамчун шахси пешқадами замон, роҳнамои маънавии аҳли ҷомеа ҳатман бояд ба вазъи замон, рӯйдодҳои муҳим дар мамлакатҳои ҷаҳон, авзои рӯз мунтазам огаҳӣ дошта бошад.
Дар ҷамъбаст бояд гӯям, ки, ки омӯзгор пеш аз ҳама, бояд касб ва шогирдонашро дӯст дошта, ҳидоятгари онҳо дар роҳи илму дониш бошад ва чуноне Сарвари мамлакатамон гуфтаанд: ” Омӯзгорон парваришгарони мумтози ҷавононанд ва маҳз ба талоши пайгиронаи онҳо ба камолоти маънавию ҷисмонӣ мерасанд, дар ҷомеа мавқеи шоиста пайдо мекунанд”.

Т.Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: