Сухан мизони ақли инсонист24-05-2019, 13:55
Хабарро хонданд: 3399 нафар
Назарҳо: 0
Ба хислати инсон вобаста ба амал, тарзи сухангуфтан ва ибрози назар намудану сатҳи муошираташ баҳо додан мумкин аст. Муошират, суҳбат намудан, аз манбаъҳои асосии муносибати байниҳамдигарии одамон дониста мешавад ва одоби он пулеро мемонад, ки андеша ва муносибати инсонҳоро ба ҳамдигар мепайвандад.
Албатта одоби муошират, суҳбат оростан, муносибати байниҳамдигарии одамон мавзӯи ниҳоят васеъ буда, пахлуҳои зиёдеро дорост ва матраҳи он вақти зиёдро тақозо дорад. Дар ин боб олимону суханварони гузаштаву имрӯзаамон бисёр навиштаву гуфта. Адиби сухансанҷу ширинкаломи форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ боби хаштуми китоби “Гулистон”-ро ба одоби муошират, суҳбат оростан бахшида, чунин навиштааст: “Аслан шахсро тавассути сухан, алфозаш мешиносем ва қобилияту фаъолияти ӯро аз такаллуми ӯ дарк мекунем. Нутқу сухан мизони ифшои хирадмандӣ ва савияи илму дониши инсон маҳсуб меёбад”. Мутаассифона таи солҳои охир бахусус аз ҷониби зумрае аз ҷавонон, баъзан калонсолон зимни сухан гуфтанкамбудӣ ва костагиҳои зиёде ба назар мерасад. Ин мушкилот падару модарон, омӯзгорон, равоншиносон ва дигар ашхоси мутасаддиро ба он водор месозад, ки роҳи ҳалли масъалаи зикргардидаро пайдо намоянд. Дар кӯчаю бозор, нақлиёти мусофирбар ва дар дигар ҷойхои чамъиятӣ борҳо шоҳиди он гаштаем, ки иддае аз шаҳрвандон ба ҳамдигар муносибати дағалона карда, якдигарро дашном дода, сухани носазо мегӯянд. Дейл Брекендриҷ Корнегӣ дар китоби худ «Шаш қоидаи ба худ ҷалб кардани мардум» навиштааст, ки “як сухани бад метавонад 13,4 фоизи сифати кории кормандро вайрон кунад”. Бале ва имрӯз вобаста ба пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника,ташаккул ёфтани тафаккури инсони муосир, мазмуни иброзгардида ба худ пахлуҳои наверо ба худ касб кардааст, ки дар гузаштаи на чандон дур дар ҷомеа вуҷуд надоштанд. Суҳбат бо телефон, интернет, сомонаҳои иҷтимоӣ, телевизиону радио моро аз он огаҳ месозад, ки имрӯз мавзӯи суҳбат оростану бо касе муошират намуданро мувофиқи дид ва нигоҳи нав баргузор намоем. Айни замон дар тамоми хонаводаҳои мо телефони мобилӣ дастрас аст ва он ягона воситаи муошират шудааст. Бахусус, ҷавонони муосир ба телефон мароқи зиёде зоҳир намуда,ҳамеша онро ҳамроҳ мегиранд ва ба қавле “дӯсти” наздики онҳо гардидааст. Аммо афсӯс, ки на ҳар инсони комил одоби муоширатро бо телефони мобилӣ ба ҷо оварда метавонад. Агар як бор ба атроф назар андозем мебинем, ки баъзан дар ҷойхои ҷамъиятӣ бо телефон шахсе чунон бо овози баланд сӯҳбат мекунад, ки гӯё худаш танҳост ва ба ҷуз худ каси дигареро намебинад. Ё борҳо дидаем, ки инсоне ғазабашро фуру бурда натавониста бо овози баланд шахсеро дашном медиҳад.Дар ҷои дигар зане дар мусофиркаши серодам нишаставу мавзӯи оиладориашро бо овози баланд дар байни мардум бо нафаре нақл карда истодааст.Аз дидани чунин манзара атрофиён гумон мекунанд, ки ин зан бемор аст ва ёдараҷаи ақлонияш коста гаштааст. Ин чист, камақлӣ, кӯтоҳандешӣ ва ё дар ҳақиқат беморӣ? Ба андешаи ман кам хондану кам дидан, беэътиноӣ ба атрофиён, дар оила тарбияи хуб наёфтан ва боз дигар паҳлуҳои тарбиявие, ки ҳангоми наврасӣ ва бачагӣ инсон надидааст. Шояд таъсири бемории равоние низ бошад, аммо дар ҳар сурат чунин гуфтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ношоям аст. Чуноне, ки дар боло зикр кардем ин зуҳуроти номатлуб пеш аз ҳама ба таълиму тарбияи хуб наёфтани инсон алоқамандии зич дорад. Тарбия дар пайвастагии се ниҳоди ичтимоӣ- оила, мактаб ва ҷомеа сурат мегирад, аммо ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои итиллоотӣ, ки дар даврони муосир мазмуни он ҳамрадифи тафаккури ҷаҳонӣгаштааст,таъсири зиёд мерасонад.Кӯр-кӯрона дарки маънӣ кардану мазмуни номатлуберо дар тафаккур қабул кардан, дар одоби сухан гуфтан таъсири бад мерасонад. Истифодаи телефонҳои мобилӣ дар толори консертӣ, шабнишиниҳо, мачлисгоҳҳо, дар китобхона, бемористон, осорхона, нақлиёти мусофиркаш ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣаз рӯи одоб нест, зеро суҳбати телефонии шумо ба дигарон халал мерасонад. Борҳо дар сари роҳ бо нафари наздик ва ё дӯсте иттифоқан рӯ ба рӯ шуда суҳбат мекунем. Дуруст аст, ки ин вохӯрӣ бароямон хушоянд аст, аммо ҳолатҳое ҳастанд, давомнокии чунин суҳбатҳо ба кору бор, зиндагиномаи мо таъсири манфӣ мерасонанд. Як моҳ пештар ба минтақаи дурдасте сафар доштам. Дар роҳ аз ронандаи мусофирбари кироӣ хохиш кардам, ки мошинашро дар назди мағозаи сари роҳ нигоҳ дорад то барои дар роҳ ташнагиро шикастан об бихарам. Ҳамроҳам боз се нафар мусофирони дигар ҳам буданд. Онҳо низ бо ман ҳамроҳ шуда аз мағоза харид карданд.Ҳангоми бозгашт банохост дар сари роҳ шиносамро дидам. Баъди салому алек ва андак аҳволпурсӣ хостам ба роҳам равам ва узр пурсида иддао намудам, ки маро мошин интизор асту ба роҳи дур сафар дорам. Аммо шиносам гӯё сухани маро нашунида бошад, ки ҳамоно суҳбаташро идома додан мехост: -Э, туе, камнамо шуда бурафтед-ку...Дар куҷохо мегардед, солҳои пеш бисёр медидамат, аммо имрӯз тухми янқо шудаед-да... Дидам, ки ӯ майли суҳбати дароз дорад, узр пурсида фаҳмондам, ки мошин ва се нафар мусофири дар он буда маро интизоранд. -Аҷаб соддаӣ–да, 5-10 дақиқа суҳбат кардан касеро намекушад-гӯён шиносам ситезакунон аз ман дур шуд. Чанд рӯз баъдтар тасодуфан бо он кас бозрӯ ба рӯ шудам, вале ин дафъа маро гӯё надида бошад, ки рӯяшро дигар тараф гардонида рафт. Аз ман хафа шуда буд... Дар ҷои дигар боз ҳолатҳое мешавад ягон узви баданатон дард мекунад ва ё барои рафтани маросиме саросема ҳастед, умуман боз чандин ҳолатҳое ҳастанд, ки заруратро тақозо доранд, вале баъзан ҳамсуҳбататон вазъро дарк карда наметавонанд.Дар фарҳанги мардумии мо нахустин афкори ахлоқӣ дар одоби суҳбат оростан дониста мешавад. Шиори асосии фарҳанги ниёгони мо”пиндори нек,гуфтори нек ва кирдори нек” буда, инсонро ба он раҳнамо месозад,ки на танҳо фикру андешаи нек дошта бошад, балки муҳимтар аз ҳама сухани хуб гӯяд. Дар ҷамъбаст ҳаминро гуфтаниям, ки одоби сухан гуфтану суҳбати хуб оростан нишонаи олии маданияту рафтори инсон ба шумор меравад.Шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар боби ахлоқи ҳамидаи одамӣ чунин гуфта: “Ахлоқи инсон на модарзод, балки касб мебошад. Яъне рафтору гуфтори одамӣ дар давоми ҳаёт сайқал меёбад”. Бале ва барои сайқал ёфтани хулқу атвори ҳамидаи инсонӣ, ӯро бояд тарбия намоем ва тарбиятгари асосии одамӣ агар дар ибтидо оила бошад, оянда мактаб ва муҳит аст. Аммо аз ҳама асосаш бояд худи инсон зимни сухан гуфтан дарки маънӣ карда тавонад ва мақоли “Ҳар сухан ҷоеву хар нуқта мақоме дорад”-ро шиори зиндагиномаи худ гардонад. Тағоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.