Ҳавопаймои мусофирбари Ан-26 дар Камчатка ғайб зад6-07-2021, 13:30
Хабарро хонданд: 108 нафар
Назарҳо: 0
Маҳалли эҳтимолии суқути ҳавопаймои мусофирбари Ан-26-ро, ки аз Петропавловск парвоз карда буд, дар Камчатка пайдо кардаанд. Намояндаи хадамоти изтирорӣ ба РИА "Новости" гуфта, ки ҳавопаймо дар баҳр суқут кардааст.
"Радиосигнали хеле заиф сабт шудааст. Эҳтимол дорад, он аз дастгоҳи сабткунандаи ҳавопаймои гумшуда бошад. Ин дастгоҳ дар сурати суқути ҳавопаймо ба кор медарояд", - гуфтааст манбаи "Интерфакса". Иртибот бо ҳавопаймои Ан-26 субҳи 6 июл ҳангоми фурудоӣ дар шаҳраки Палана, маркази маъмурии ҳавзаи Корякский қатъ гаштааст. Дар ин шаҳрак ҳудуди 3 ҳазор одам зиндагӣ мекунад. Дар дохили ҳавопаймо 22 мусофир, аз ҷумла 1 кудак ва 6 узви экипаж ҳузур доштанд. Нуқси техникӣ ва иштибоҳи халабонҳо ҳамчун фарзияҳои эҳтимолии суқути ҳавопаймо гуфта мешавад. Алексей Храбров, мудири ширкати ҳавопаймоии Камчатка, ки Ан-26-и истеҳсоли соли 1982 ба он тааллуқ дорад, ба "Интерфакс" гуфтааст, ҳавопаймо пеш аз парвоз ҳеч гуна нуқси техникӣ надошт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.