Қоҳира пайдо шудани пораҳои Airbus-320 -ро тасдиқ кард25-05-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Намояндагони Хадамоти авиатсияи Миср хабари пайдо шудани пораҳои ҳавопаймои мусофирбари EgyptAir дар ҷануби ҷазираи Карпатоси Юнонро, ки шаби чаҳоршанбе ба панҷшанбе суқут кард, тасдиқ намуданд.
Дар баҳри Миёназамин ашё, аз ҷумла нимтанаҳои наҷотбахшро пайдо кардаанд. Ҳавопаймои Airbus-320 ҳангоми парвоз аз Париж ба Қоҳира аз экрани радар нопадид гардида, дар дохилаш 66 мусофир ва узви экипаж қарор дошт, ки бештари онҳо шаҳрванди Миср ва Фаронса буданд. Тибқи изҳороти мақомоти расмӣ, аз ҷумла раҳбарияти Вазорати авиатсияи Миср, фарзияи сурат гирифтани ҳамлаи террористӣ дар дохили ҳавопаймо аз носозии техникӣ дида эҳтимоли зиёдтар дорад. Тавре гуфта мешавад, ҳавопаймо пеш аз фурӯ рафтан ба об ду бор гардиши ногаҳонӣ намуда, сипас пойин шудааст. Баъзе аз шоҳидон гуфтанд, таркишеро дар осмон дидаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.