
Президенти ИМА Доналд Трамп дирӯз, 11 сентябр дар маъракаи ёдбуди қурбониён дар боғи Шэнксвилл, наздикии маҳалли суқути ҳавопаймои United Airlines дар аёлати Пенсилвания суханронӣ кард. Ӯ хотираи қурбониёни хатсайри 93-ро гиромӣ дошта, онҳоро қаҳрамононе номид, ки зидди бадӣ мубориза бурданд.
Дар дохили ҳавопаймо 37 мусофир бо шумули чаҳор даҳшатафкан ва 7 узви экипаж ҳузур доштанд. Ҳавопаймо ба ҳадаф норасида таркид. Ба иттилои расмӣ, аз маҳалли таркиш то Капитолийи Вашингтон камтар аз 20 дақиқа парвоз монда буд.
Дар ИМА 11 сентябр рӯзи ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 дар шаҳрҳои Ню-Йорк, Вашингтон ва аёлати Пенсилвания аст.
17 сол пеш дар пайи ҳамлаи террористҳои "ал-Қоида", ки ҳавопаймоҳоро рабуда, ба Маркази тиҷории Ню-Йорк ва бинои Пентагон ҳамла карданд, наздики 3000 одам кушта шуд. Ба ин рақам онҳое ҳам шомиланд, ки дар натиҷаи суқути ҳавопаймои чаҳорум дар Пенсилвания ба ҳалокат расиданд.
Дар Ню-Йорк садҳо наздикони қурбониён онҳое, ки дар ин ҳамлаҳо ҷон ба саломат бурданд, дар майдоне, макони биноҳои дугоники Маркази ҷаҳонии тиҷорат ҳар сол ҷамъ шуда, ёди қурбониёнро гиромӣ медоранд.