Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» дар пойтахт Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид

Барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» дар пойтахт Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид

21-06-2021, 09:35
Хабарро хонданд: 341 нафар
Назарҳо: 0
Барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» дар пойтахт Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид19 июн бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ» Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба шиноварӣ байни мардон ва занон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур 26 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Душанбе иштирок намуда, он дар ду марҳила гузаронида мешавад. Марҳилаи аввал миёни варзишгарони касбӣ ва марҳилаи дуюм миёни кормандони вазорату кумитаҳо доир мегардад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар додаcт, дар кушодашавии мусобиқаи мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндаи Федератсияи шиноварии Тоҷикистон Ориф Ҷӯраев, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, Директори МД «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов ва муовини Директори Қасри теннис Алисомон Алиаҳмадзода иштирок доштанд.

Мавсума Муинӣ гуфт, ки ҳадафи асосии чорабинии мазкур ташвиқ, тарғиб ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, рушди варзиши шиноварӣ дар кишвар ва сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қабл аз баргузории ин мусобиқа Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо мураббиёни намуди шиноварӣ, ки масъулияти дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани мусобиқаро ба уҳда доранд, бо намояндагони дастаҳои иштирокчӣ мулоқот намуда, тартибу низом ва мақсаду ҳадафҳои асосии мусобиқаи мазкурро ба ҳозирин шарҳ доданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибонро туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» интизор аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: