
Мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд байни ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Данғара баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаи варзишгарони ТАҚХ “Ҳумо” сазовори ҷойи аввал ва дастаи варзишгарони МД “Мактаби варзишӣ”-и ноҳия сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Зимнан ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии Маҷмааи варзишии ноҳия дар якҷоягӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, МД “Мактаби варзишӣ” таҳти сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонону наврасон, баргузор шуд.
Гузаронидани чунин мусобиқаҳои варзишӣ қабл аз ҳама ба саломатии насли ҷавон манфиат дошта, руҳияи онҳоро баланд мебардорад.