Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Омӯзиши паём

Омӯзиши паём

23-02-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 315 нафар
Назарҳо: 0
Омӯзиши паёмБо мақсади омӯзиши нуқтаҳои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созанда”-и вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Хайём Амонов, мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Комилҷон Холов, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созанда”, Иброҳим Иброҳимов, муовини раиси Маркази кӯдакон ва наврасонӣ шаҳри Душанбе ва Нигора Нурматова, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созанда” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар назди ҳозирин сараввал Хайём Амонов суханронӣ намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба роҳбарону масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, марказҳои таълимии калонсолон ва кӯдакон дастур дод, ки курсҳои омӯзиши касбу ҳунар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил намоянд.

Мавсуф иброз намуд, ки бо супориши Роҳбари давлат имсол дар шаҳри Душанбе бори нахуст мактаби инкишофи зеҳнӣ бунёд гардида, Вазорати маориф ва илм вазифадор шудааст, ки масъалаи пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, русиву англисӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ба роҳ монанд. Инчунин, ҷиҳати ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии муаллимон мунтазам чораҷӯӣ карда, доир ба вазъи корҳо дар ин самт ба ҳукумати мамлакат ҳарсол гузориш диҳанд.

Дар идомаи суханронии хеш Хайём Амонов бори дигар таъкид намуд, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгорон ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, рушд кунад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Ва ба падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиати Сарвари давлатро барои аз мактаб дур намондани фарзандон, ҷалб намудан ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон, ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшидан ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намудан расонид. Дар ин раванд муассисаҳои илмиро зарур аст, ки ҷиҳати ба сиёсати имрӯза мутобиқ намудани мавзӯҳои фармоишӣ чораҷӯӣ карда, таҳқиқи масъалаҳои умдаи давлатдории миллиамонро бо дарназардошти пешрафти иқтисодии миллӣ, ояндаи кишвар ва ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеа анҷом диҳанд.

Комилҷон Холов аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити арзанда ба насли наврасону ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба таълиму тарбия, созандагиву бунёдкорӣ, сулҳу оромӣ, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ва ҷалби мутахассисону омӯзгорони соҳибтаҷриба ба соҳаи маориф миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.

Мавсуф қайд кард, ки мо бояд шукрона аз неъматҳои Истиқлолият, ифтихор аз ватани биҳиштосо, сулҳу субот, оромиву сарсабзии пойтахти азиз шаҳри Душанбе ва хизматҳои шабонарӯзаи Сарвари давлат намоем ва то хун дар рагу пайванди мо давр мезанад, то он даме, ки ҷон дар бадан ҳаст хизмати ин давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёду дунявиро содиқона намоем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: