Байден: "Дар мулоқот бо Путин аз ҳуқуқи инсон суҳбат мекунам"7-06-2021, 10:18
Хабарро хонданд: 134 нафар
Назарҳо: 0
Президенти ИМА Ҷо Байден дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Женева рӯзи 16 июн масъалаи ҳуқуқи инсонро баррасӣ хоҳад кард.
Вай мавқеи ягонаи ИМА ва кишварҳои дигари ғарбиро дар ин ва дигар масоил муаррифӣ мекунад. Дар ин бора Байден дар мақолае зикр кардааст, ки басафар ба Аврупо бахшида шудааст. Мақола дар нашрияи Washington Post нашр гардид. Сафар ба Аврупо нахустин сафари хориҷии Байден ба ҳайси президенти ИМА хоҳад буд. Байден мегӯяд, дар ин сафар бо ҳампаймонони ИМА дар Аврупо - роҳбарони кишварҳои "Ҳафтгонаи бузург", НАТО ва Иттиҳоди Аврупо мулоқот хоҳад кард. Байден гуфтааст, ИМА бояд роҳбари неруманди дунё бошад. Миёни масоиле, ки Байден зикр кардааст, мубориза бо вабои COVID-19, буҳрони иқлим ва "рафторҳои зиёновар"-и мақомоти Чину Русия ҳастанд. ИМА, ба бовари Байден, дар ҳампаймонӣ бо кишварҳои дигар, ки арзишҳои Амрикоро ҳимоят мекунанд - демократи ҷаҳонӣ хоҳанд шуд. "Мулоқот бо Владимир Путин дар Женева баъди он баргузор мешавад, ки ман бо дӯстон, ҳайпамонон ва шарикон дар сатҳи олӣ мулоқот мекунам", - навиштааст Байден. Президенти ИМА зикр кардааст, ки кишвараш ҷӯёи низоъ бо Русия нест, дар талоши пайдо кардани муносиботи пешгӯишаванда ва устурвор аст, аммо бо ин вуҷуд Москваро барои "амалҳои зиёновараш" ба ҷавобгарӣ ҷалб хоҳанд кард. "Ҳангоме ки мо мулоқот кардем, ман бори дигар побарҷоии ИМА, Аврупо ва дигар кишварҳои ба мо наздикро ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва каромати инсонӣ тазаккур медиҳам", - навиштааст Байден. Мулоқоти Женева бо ташаббуси ИМА баргузор мешавад. Кремл як муддат ба ин пешниҳод посух надод, вале дар ниҳоят розӣ шуд, ки бо ҷониби ИМА мулқот барпо шавад. Ин нахустин дидори Байден бо Путин хоҳад буд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.