Ноиб-президенти ИМА хостори озодии фаврии Савченко шуд10-03-2016, 09:09
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0
Ноиб-президенти ИМА Ҷозеф Байден аз Русия даъват кард, интихоби дуруст намуда, ҳамаи айбҳои Надежда Савченкоро бекор ва ӯро фавран озод кунад.
Дар ин бора дар изҳороти расмии Кохи сафед гуфта шудааст. Надежда ғайриқонунӣ дар Русия маҳбас шуд ва бо айбҳои сохта ба додгоҳ кашида шуд, омадааст дар изҳороти Байден. Ноиб-президенти ИМА ёдовар мешавад, ки Надежда ба ҳайси як сарбози нерӯҳои низомии украинӣ ватанашро ҳимоят карда, аз сӯи ҷудоихоҳон бар хилофи хоҳишаш рабуда шудааст. Давоми 20 моҳи охир Савченко ба рамзи ифтихор ва қудрати миллии Украина бадал шудааст, мегӯяд Байден. Вай ҳатто замоне, ки дар зиндон аст, ба ҳайси вакили парлумон интихоб шудааст. Тамдиди боздошти ғайриқонунии вай хилофи уҳдадориҳои Русия тибқи созишномаи Минск аст ва бояд Савченко фавран аз боздошт раҳо шавад, омадааст дар изҳороти Байден. Ахиран Надежда ба нишони эътироз аз боздошти ғайриқонуниаш ба гуруснанишнии тоза даст зад ва бо гузашти панҷ рӯзи худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан саломатиаш хеле бад гардидааст, гуфтааст ноиб-президенти ИМА. "Надежда сазовори он аст, ки ба назди хонавода ва дӯстонаш баргардад ва ба парлумон пайваста, дар бунёди Украинаи нав саҳм гузорад", - илова кардааст Байден. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.