Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Трампу Путин аз "нахустин қадамҳо"-и барқароршавии робитаҳо истиқбол карданд

Трампу Путин аз "нахустин қадамҳо"-и барқароршавии робитаҳо истиқбол карданд

17-07-2018, 11:06
Хабарро хонданд: 169 нафар
Назарҳо: 0
Трампу Путин аз "нахустин қадамҳо"-и барқароршавии робитаҳо истиқбол карданд
Дар Финландия 16 июл мулоқоти президентҳои ИМА ва Русия - Доналд Трамп ва Владимир Путин баргузор шуд. Гуфтугӯи пушти дарҳои бастаи ҷонибҳо, ки қарор буд, 90 дақиқа давом кунад, беш аз ду соат идома ёфт.

Трампу Путин гуфтанд, ки дар роҳи барқарорсозии "робитаҳои дуҷонибаи сардшуда" "нахустин гом"-ро гузоштанд.

Президенти ИМА изҳор дошт, ки дар мулоқот бо ҳамтои русаш масъалаи дахолати эҳтимолии Москва ба интихоботи президентии ИМА-ро матраҳ кард ва онро хеле тӯлонӣ баррасӣ карданд. Путин дар навбати худ гуфт, Русия ҳечгоҳ ба интихоботи ИМА дахолат накардааст ва нахоҳад кард.

Трамп низ афзуд, ки ба назари ӯ, бо ҳадафи дахолат ба раванди интихоботи президентии ИМА ҳеч гуна созише бо ҷониби Русия сурат нагирифтааст.

Ба гуфтаи Трамп, дар мулоқот ҳамчунин масъалаи Эрон ва Сурия низ баррасӣ шуд. Трамп гуфт, ҷангиёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" дар Сурия 99% шикаст хӯрданд ва дар ин бобат саҳми Русияро низ зикр кард.

"Мулоқоти имрӯз танҳо оғози муколама аст. Ин чаҳор соат хеле созанда буданд. Бовар дорам, дар оянда зуд-зуд мулоқот хоҳем кард", - изҳор дошт Трамп.

Путин дар поёни дидор ба ҳамтои амрикоияш тӯби футболи Чемпионати ҷаҳонии 2018-ро тақдим карда, дар гузаронидани ин мусобиқаи ҷаҳонӣ дар соли 2026, ки қарор аст, дар Амрико, Канада ва Мексика баргузор шавад, комёбӣ таманно кард. "Тӯб акнун дар майдони шумост", - афзуд Путин.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: