Ноиб-президенти ИМА Байден ба Шарқи Наздик сафар мекунад7-03-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
Ноиб-президенти ИМА Ҷо Байден барои баррасии вазъияти Эрону Сурия ва ҳамчунин манфиатҳои иқтисодиву энергетикии кишвараш ба Шарқи Наздик сафар мекунад.
Кохи сафеди ИМА хабар медиҳад, ки Байден ҳамчунин ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Исроил ва Канораи ғарбии Урдун сар мезанад. Байден имрӯз ба сафар баромада, дар Исроил бо сарвазири ин кишвар Бинёмин Натаняҳу ва сардори ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос мулоқот мекунад. Аммо, тавре Кохи сафед мегӯяд, Ҷо Байден барои ҳалли низои Исроилу Фаластин ҳеч иқдоми ҷиддие рӯи даст надорад. Кохи сафед меафзояд, ИМА бовар дорад, ки ҳеч кадом аз ҷонибҳои низоъ иродаи сиёсие барои ҳалли низои Фаластину Исроил надоранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.