Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Даргузашти ҳунарманди маъруфи театр ва кинои тоҷик Назирмад Мӯсоев

Даргузашти ҳунарманди маъруфи театр ва кинои тоҷик Назирмад Мӯсоев

16-05-2021, 09:17
Хабарро хонданд: 119 нафар
Назарҳо: 0
Даргузашти ҳунарманди маъруфи театр ва кинои тоҷик Назирмад МӯсоевҲунарманди маъруфи театр ва кинои тоҷик Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Назирмад Мӯсоев шаби гузашта аз олам даргузашт. Ҷасади ӯ имрӯз дар Душанбе ба хок супорида шуд.

Назирмад Мӯсоев дар собиқ ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Ҳамадонӣ) ба дунё омада, пас аз итмоми таҳсил дар ВГИК-и шаҳри Москва дар даҳҳо филм дар замони шуравӣ ва дар замони истиқлолияти Тоҷикистон нақш офаридааст.

«Ӯ ҳунарманде набуд, ки гӯем, фалон нақшаш хуб буд ва фалон нақшаш хуб набуд. Ҳама корҳояш хуб буд. Меъёри ҳақиқати бознигарӣ дар ҳама корҳояш буд. Метавонист, филм чандон хуб набошад, ё филмнома хуб набошад, аммо ҷое, ки ӯ нақш меофарид, ҳама кор хуб буд», — навиштаанд имрӯз ҳампешаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Бино ба гуфти Раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод, Назирмад Мӯсоев солҳои 80-уми асри гузашта пас аз нақшофарӣ дар филми «Ӯ маро хӯш дорад» маъруф шуд.

«Ӯ ба синамои мо ҳамчун як чеҳраи киноӣ ворид шуда буд. Чеҳра ва садои зебояш коргардонҳоро мафтун карда буд. Дар солҳои истиқлол ҳам хеле фаъол буд. Ҷавонҳо ҳамеша ӯро барои нақшофарӣ дар филмҳо даъват мекарданд. Беғараз буд. Ҳатто нархи нақшофариро намепурсид. Аз ӯ касе ҳарфи нохуб нашунидааст. Ҳамеша дар лабаш табассум буд. Ҳар рӯз сари кор меомад ва дар кинову дар театр фаъол буд», -гуфтааст Сафар Ҳақдодов.

Бино ба гуфти наздиконаш, Назирмад дар ҷои кор, дар студия вақти дубляжи филм бар асари сактаи қалб даргузаштааст, вале сабаби расмии марги актёр маълум нест.

Назирмад Мӯсоев дар тӯли тамоми фаъолияти меҳнатиаш дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба сифати актёр кор мекард ва дар даҳҳо спектаклҳои ин муассиса нақш офаридааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: