Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рӯдакии саҳнаи тоҷик, Марат Орифов аз олам даргузашт

Рӯдакии саҳнаи тоҷик, Марат Орифов аз олам даргузашт

30-10-2018, 08:45
Хабарро хонданд: 403 нафар
Назарҳо: 0
Рӯдакии саҳнаи тоҷик, Марат Орифов аз олам даргузашт


Марат Орифов, ҳунарманди маъруфи тоҷик ва офарандаи нақши Рӯдакиву Сино, 29-уми октябр дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт.
Марат Орифов 27-уми августи соли 1935 дар шаҳри Сталинобод, ҳозира Душанбе, дар оилаи Ҳунарманди халқии СССР Тӯҳфа Фозилова ба арсаи олам чашм кушодааст. Солҳои 1954-1960 дар факултаи актёри драма ва кинои Донишкадаи театрӣ-бадеии шаҳри Тошканд таҳсил намудааст. Соли 1965 факултаи режиссураи Донишкадаи умумииттифоқии киноматографистони шаҳри Москваро хатм карда, фаъолияти минбаъдаашро дар Душанбе идома омадааст.
Дар филмҳои зиёди истеҳсоли «Тоҷикфилм» ба монандӣ, «Абӯалӣ ибни Сино» (1956), «Қисмати шоир» (1958), «Писарро бояд хонадор кард» (1959), «Парчами Кова» (1961), Нисо (1965) ва боз дар чандин филмномаҳои дигар нақшҳои мухталифро бозидааст. Охирин филме, ки ӯ дар он нақш офарид филми "Муаллим"-и коргардон Носир Саидов буд. Орзу дошт, ки рӯзе дар саҳнаи кинои тоҷик нақши Хайёмро меофарад, аммо ин орзуи деромада дар қалбаш ниҳон монд.
Рӯдакии саҳнаи тоҷик, Марат Орифов аз олам даргузашт
Марат Орифов ба ҷуз офаридани нақшҳо дар кино, инчунин ба ҳайси коргардон- таҳиягар фаъолият намуда, филмномаҳои зиёдеро рӯйи навор овардааст. Дар филмномаҳои «Нисо», «Қалби ман дар куҳ», «Сирри гузаштагон», « Камингоҳ», «Тирпаронӣ», «Шодӣ» ва боз дар чанд филмҳои дигар ҳамчун коргардон фаъолият намудааст.
Соли 1960 ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2008 ба унвони Ҳунарманди халқии Тоҷикистон сазовор гардидааст.
Соли 1960 сазовори гирифтани дипломи Кинофестивали умумииттифоқӣ дар шаҳри Минск, барои нақши Рӯдакӣ аз филми «Қисмати шоир» гаштааст. Инчунин ҳамон сол дар Кинофестивали солонаи Қоҳира ҳамчун беҳтарин ҳунарманди сол муаррифӣ гардидааст.
Номи Марат Орифов дар таърихи кинои тоҷик бо нақшҳои офаридааш ҳамеша ҷовид хоҳад монд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: