Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Шридеви ситорае, ки ҳаргиз фаромӯш намешавад…

Шридеви ситорае, ки ҳаргиз фаромӯш намешавад…

7-03-2018, 15:46
Хабарро хонданд: 225 нафар
Назарҳо: 0
Шридеви ситорае, ки ҳаргиз фаромӯш намешавад…
Марги ногаҳонии ситораи Болливуд Шридеви боиси мавҷи андӯҳу ҳамдардӣ дар байни мухлисони Хиндустон ва саросари чахон гардид.Ситораи 54-сола, ки дар давоми 5 даҳсолаҳо дар 300 филм иштирок кардааст, дар натиҷаи сактаи қалб ва ғарқшавии тасодуфӣ дар меҳмонхонаи Дубай ба ҳалокат расид.
Шридеви ҳунарпешаи хеле боистеъдод ва зани бениҳоят зебо буд. Ӯ яке аз ҳунарпешаҳои бонуфузтарини Болливуд ба шумор мерафт. Бо ҳунари эъҷозкоронаи худ ба ҳазорон хунарпешаҳои дигар илхом мебахшид. Шридеви рақоси классикии моҳирона буд. Ӯ худро ҳамчун "нахустинзан дар Болливуд» такмил дод. Шуҳраташ, дар асл, нақши муҳимро дар тағйир ёфтани парадигмаи занон дар саноати филми Ҳиндустон бозид. Ҳаракатҳои рақсии ӯ воқеан беназир ва махсус буданд. Ӯ ҳамеша бо зебогӣ ва маҳорати худ оинаи нилгунро рушан мекард ва мардумони ҷаҳонро мафтун месохт.
Шри Амма Янгер Аяпа дар вилояти ҷанубии ТамилНадуи Ҳиндустон ба дунё омада, дар филмҳои Хиндустон аз синни 4 солагияш нақш меофарид. Баъдан ӯ ба Болливуд гузашта бо нақшофарӣ дар филми "Химматвала" машҳур гардид. Қуллаи баландтарини корияш солҳои 1980 ва 1990-ум буд, ки филмхои машҳур бо иштироки ӯ ба мисли «Мистер Индия», филми мазхакаи «Чалбоз», филми бадеии «Нагина» ва драмаи романтикии "Тохфа" баромаданд.
Бо ривоҷ додани ҳунари худ Шридеви ҷоизахои гуногунро ба даст овардааст. Дар давоми фаъолияти касбӣ, ӯ соҳиби 5 ҷоизаи фестивали филмҳо гардид.Соли 2013 ӯ ба ҷоизаи Падма Шри мукофотонида шуд, ки яке аз зинаҳои баландтарине, ки аз тарафи ҳукумати Ҳиндустон дода мешавад. (Соли равон, шарқшиноси тоҷик профессор Хабибулло Раҷабов низ ба ҷоизаи "Падма Шри" мукофотонида шуд)
Шридеви ситорае, ки ҳаргиз фаромӯш намешавад…
Як сол баъд аз издивоҷ бо Бони Капур дар соли 1996, Шридеви ҷаҳони синаморо тарк кардва бо бузург кардани духтарҳояш Чҳавни ва Хуши машғул шуд. Вақте ки ӯ ба кино бо нақшофарӣ дар филми 2012 «Ингиш-Винглиш» бозгашт,заҳмат ва ҷозибаи ӯ ҳамоно бетағйир монд. Филми охирини ӯ филми «Модар» аст, ки 300-умин филми ӯ ба шумор меравад.
Шридеви мероси беназир ва ғайримоддиро бароямон гузоштааст.Пур кардани он холигие, ки бад аз марги ситораи дӯстдоштаи Болливуд мондааст, ғайриимкон аст. Мероси пойдори ӯ мероси универсалӣ мебошад, чунки ӯ аз он сарҳадхое ки онҳоро бештар мардон ба даст меоварданд, гузаштааст.
Дар маросими супоридани ҷоизаи90-уми Академияи ҷоизасупорӣ (ҳолоОскар), ӯ дар қисми хотимавӣ эҳтироми махсус дошт. Қисми хотимавӣ барои ҳамаи ҳунарпешаҳое бахшида шудааст, ки саноати кино онҳоро соли гузашта аз даст аст.
Шридеви дар Тоҷикистон мухлисони зиёд дорад. Хабари марги ногаҳонии у ҳам Шридевиро ғамгин кард. Мухлисони тоҷик дар шабакахои иҷтимоии худ, нисбати марги ситораи дӯстдоштаи худ бисёр ҳарфҳои хуб гуфтанд ва ба наздикони ӯ ҳамдардии худро иброз намуданд.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: