Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВОЙ АЗ ИН МУСАЛМОНӢ

ВОЙ АЗ ИН МУСАЛМОНӢ

28-04-2021, 10:22
Хабарро хонданд: 105 нафар
Назарҳо: 0
ВОЙ АЗ  ИН МУСАЛМОНӢ

Намоз мехонад, дурӯғ мегӯяд. Намоз мехонад, зино мекунад. Намоз мехонад, носу сигор мекашад. Намоз мехонад, шароб менӯшад. Рӯза мегираду аз ҳисоби мардум ифтор мекунад. Домулло дар масҷид оид ба касофати нафс мавъиза мехонаду пул ҷамъ мекунад. Дуо медиҳад, пул мегирад. Пул мегирад, дуо медиҳад. Фурӯшанда шаб дар масҷид амри маъруф шунида, ашк мерезад, рӯз дар бозор нарх мебардораду ашки дигаронро мерезад. Ронанда дар мошинаш сабти садои домуллоеро, ки аз қиёмату сабр мегӯяд, гӯш карда, мошини аз пешаш баромадаро дашном медиҳад. Аз хонаи Худо меояд, рибохӯр аст. Кӯдаке дар ҳузури волидонаш бо садои баланд якеро дашном медиҳад, падару модараш аз ин кори фарзанд ҳаловат мебаранд. Ба фук ришу ба даст тасбеҳ, чашм сӯи хонуманд. Бародаре дар паи қасди бародари ҳамхунаш аст. Ҷавони хушандоме пойи солимашро ланг намуда, пул металабад. Ҳамсоя ба ҳамсоя ҳасад мебарад. Ҳоҷӣ Худоро дар хонаи Худо фиреб медиҳад. Ҳоҷӣ дар равзаи пайғамбар дурӯғ мегӯяд, ки Аҳмади Дониш фармуда:
Ҳоҷӣ ки зи хонаи Худо баргаштаст,
Море рафтасту аждаҳо баргаштаст.
Фирефта машав ба саллаву дастораш,
Ки-н хонасалот аз Худо баргаштаст.
Садқаи чунин «мардум»-у чунин «ислом»-у чунин «рӯзадорӣ»-ву чунин «мусалмонӣ»! Ҳамин аст, «мусалмонӣ»? Гуму гӯраш кардам!
Шогунаи Собир, духтари шодравон Бозор Собир дар Фейсбук дар арафаи моҳи шарифи Рамазон навишт: «…Дуруд моҳи дурӯягӣ!». Ҳама дашномаш доданд, кофираш хонданд, нисбаташ фатво бароварданд. Аммо касе ба умқи ин ҳарфҳо андеша намуда, «Ҳақ аст!» нагуфт. Ман таслим шудам! Воқеан ҳам ҳақ аст! «Моҳи дурӯягӣ» барои баъзе мардуми мост, на мусалмонҳо. Ин моҳ барои аксар мардуми мо моҳи муваққатан даст кашидан аз гуноҳ аст. Чӣ зарурат ба чунин рӯзадорӣ? Носкаш дар фикри он аст, ки зуд садои азонро шунаваду аввал носро ба даҳон андозад. Сигорӣ низ ташнаи садои «Аллоҳу акбар» барои сигор. Фурӯшанда бо даҳони рӯзадораш қасам хӯрда, дурӯғ мегӯяд, ҳақ мезанад, нарх мебардорад, хушҳол мешавад. Рӯзадорам мегӯяду фиреб медиҳад, дашном мекунанд…
Аз бобоҳоямон мешунидем, ки мегуфтанд: «Бозор макони ҷину аҷина аст!». Ҳамон қадар андеша мекардам, намефаҳмидам, ки чаро чунин? Ҷин дар бозор чӣ кор мекунад? Акнун фаҳмидам, ки ҷинҳо ҳамон аксар фурӯшандаҳо будаанд. Чунин «мусалмонҳо» барои мардуми бечораву нодон сабаб мешаванд, ки ба Худо шак биёранд!
Бад мекунанд, хато мекунанд, ба роҳи зишт мераванд, ҳаёташонро месӯзанд, охири роҳ, ки шуд, мепартоянд айбро болои Ҳукумат. Бо ин амалҳоямон на дар хонадонамон баракат мешаваду на дар корамону на дар мамлакатамон! Куҷое хонда будам, ки «Барои дуоятон мустаҷоб гардидан, бояд луқмаатон ҳалол бошад!». Имрӯз барои мо дигар фарқ надорад, ки луқма аз куҷо меояду чи гуна меояд ва бо кадом роҳ! Аҷаб сабре Худо дорад!
Худованд маро бубахшад ва ҳамагиро тавфиқу имони самимӣ насиб гардонад!

Бедил аз сози дилу дасти тиҳӣ шармандаям,
Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз ману сомони ман.

Бедил

Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: