Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Рамазон ва нархҳо

Рамазон ва нархҳо

8-05-2019, 13:35
Хабарро хонданд: 584 нафар
Назарҳо: 0
Рамазон ва нархҳоҲамасола бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон гуфтугузорҳо дар бораи боло рафтани нархи маҳсулоти хӯрокӣ дар ҷомеа ба мавзӯи рӯз табдил мегардад. Инак, ду рӯз пеш аз даромадани моҳи Рамазон ва баъди ду рӯзи гузаштан аз ин моҳи муборак, саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ пуропури андешаҳои зиду нақизи мардум дар ин маврид гаштааст.
"Ба номи Аллоҳ"

Ин қасами одии ҳар як савдогари бозор аст. Онҳо худонотарсона ҳар рӯз садҳо бор пеши ҳар харидор дидаву дониста савганди дурӯғ мехӯранд.
Қасам мехӯранд, ки болои молашон изофапулии кам мондаанд, ки ҳатто нархи ҳамон маводро намепӯшонад. Аммо ҳама медонанд, ки дар асл ин дурӯғ асту онҳо хеле беинсофӣ мекунанд.
Мутаассифона, ин имонфурӯшиҳои онҳо дар Рамазон даҳчанд мегардад.
Рӯзҳои ид бошад, имони савдогаронро бо чароғ дар рӯзи равшан намеёбӣ.
Ҳамасола моҳи Рамазон нархҳои ғизоро мебардоранду дар дигар идҳо арзиши либосро.
Масалан, 1 сентябр нархи либоси кӯдакон боло мераваду иди Қурбону Рамазон нархи қанду меваю мағзу донагиро «осмонӣ» мекунанд.
Мушкил ин аст, ки баъдан ин нархҳо ҳамин хел мемонанд ва ба ҳеҷ шарт коҳиш намеёбанд.
Мо низ чанд рӯз ғур-ғур мекунему ором мешавем, гӯё одат мекунем, тан медиҳем. Аммо савдогарон ва ҳаннотони бозор психологияро хуб медонанд.
Ҳамин тариқ, мо рӯз аз рӯз қашшоқтар мешавему онҳо бойтар.
Баъди ин бо ҳазор баҳона ё савдояшон касод мешаваду ё ба ягон балои дигаре гирифтор мешаванд. Ё ин ки боз андозҳо боло мераванд ё қимати иҷорапулиҳоро соҳибони бозор меафзоянд.
Ана баъд савдогарон алам карда мегарданд, ки барояшон зиндагӣ ва кор сангин аст.
Аммо... ягон касаш ба ёд намеорад, ки шояд ин ҳамааш касофати дар РАМАЗОН боло бурдани нархҳо ва мушкили мардумро зиёд карданашон бошад? Рамазон ва нархҳо
Ин дар ҳолест, ки дар тамоми кишварҳои олам моҳи рамазон моҳи тахфифҳост (скидки). Имрӯз хабари дар Рамазон аз андоз озод кардани тоҷирони мусулмон дар Олмон барои банда хеле муассир буд. Ангела Меркел - конслери Олмон ҳамаи он тоҷиронеро, ки маводи хӯрокаи ҳалол мефурӯшанд, яъне онҳоро мусулмонони рӯзадор истифода мекунанд, барои як моҳи Рамазон аз тамоми андозҳо аз даромад озод кардааст. Худи фурӯшандаҳо қиммати молашонро ба маротиб коҳиш додаанд. Аммо бозорҳои мо барои қимматшавии нархҳо гӯё рамазонро интизорӣ мекашанд.
Пас, "мусулмонӣ"- и мо аз дигарон чӣ фарқ дорад? Чаро мо дар ин моҳи шариф аз дурӯғ парҳез намекунем, мардумфиребӣ мекунем, ҷабр мекунем ва садҳо амали ғайримусалмонии дигар дорему лекин рӯза мегирем?
Магар Қуръон якто нест?
Оё фармудаҳои шариат барои мо дигар аст?
Ё худотарсии мо риёст?
Чӣ сабаб аст, ки ҳар сол аз гузашта бештар даъвои масҷиду намоз ва сатру риш мекунему ин як моҳи имтиҳон "мис"- и имондории моро мебарорад?
Кӯсарише аз номи Ҳизби наҳзат ё Паймони миллӣ аз номи Рамазон бо паёми интернетӣ зери унвони "Моҳи тағйири худ ва бозсозии ҷомеа" оятҳои Қуръонро ба сиёсат кашиданӣ шуда вазъ мегӯяд, ки: «Худо одамонро даъват кардааст, ки фаъол бошеду хомӯш набошед, то зиндагиатонро «бозсозӣ» кунед». Аҷаб!
Аз Худо шарм ҳам намекунад, ин «Горбачёви сонӣ»- и наҳзатӣ, ки маънии он ояти гуфтааш покии тану рӯҳу забону равон аст, на ҷудоиандозиву даъват ба нооромиҳо. Магар боре шунидаед, ки шариат Рамазонро барои ҳизб ё гурӯҳе «дастак» карда бошад?
Онҳое, ки даъвои пӯшишу зоҳири исломӣ мекунанд, чаро ин "шореҳ'-и "сиёсӣ- исломӣ"-ро даҳон намебанданд?
Кай мо исломро воқеан мешинохта бошем, ки он на ба манфиати савдогар ё сиёсат, балки воқеияте аз имону шариат бошад? Магар онҳое, ки аз номи ислом дурӯғ мегӯянд, низ мусулмонанд?
Магар рафтори савдогарони бозорро амали рӯзадорӣ метавон гуфт?
Ҳамасола бозорсӯзиҳо ҳам панде нашуданду молу амволсӯзиҳои ин қимматфурӯшон ҳам.
Онҳо ҳеҷ гоҳе баракати корашонро намебинанд, зеро доимо қасами дурӯғ мехӯранд."Ба нуми Аллоҳ!", ки хеле ба осонӣ аз даҳони онҳо мебарояд, магар масъулияте надорад?
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти рамазониашон аз ҳадиси паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (С) иқтибос оварда, баён доштанд, ки: “Тоҷири қимматфурӯш ва шахси худкушӣ карда дар як дараҷа қарор мегиранд. Зеро ҳар ки дар коре аз нархгузории рӯзгори мусулмонон, яъне боло бурдани нархи молҳо бар онҳо дахолат кунад, пас дониста бошад, ки Худованд ӯро рӯзи қиёмат дар оташи сӯзон қарор медиҳад”. Аз ин тариқ даъватҳо ҳарчанд ҳар сол дар моҳи Рамазон ироа мегардад, вале аз чи бошад, ки боз ҳам ҳамон аҳвол боқӣ мемонад.
Виркан Музаффаров: як корбари шабакаи «Фейсбук» менависад:
«Рӯшон сиёҳ!!! Имрӯз бо гӯштфурӯшҳо ҷанг кардем, вале беҳуда. Арзу додамон ба ҳеҷ ҷо намерасад. Барои маҳбасиҳо хостем харид карда каме ғизо бибарем. Нархи гӯшт 40 сомонӣ, ба ҳар килояш 300 гр чарбӣ хамроҳ мекунанд. Аз 4 кг зиёд намедиҳанд. Агар 5 килову 200 грамм харид кунӣ 4 кг гӯшт медиҳанд. Дигарашро чи бояд кард, равғани чарбие, ки 28 сомонӣ обкардашудааш аст, онро маҷбур ба 40 сомонӣ мехарӣ.
Савдогарон мегӯянд, ки аз «боло» ба мо гуфтагиянд ҳамин хел фурӯшед. Мардуми атроф низ касе эътироз намекунад, вақте мо бо гӯштфурӯш баҳс кардем, ӯ мегӯяд ба куҷое хоҳед арз кардан гиред. Ҳамин тавр фаҳмидем, ки ҳеч фоидае нест ва ин гароншавии нарх бебозгашт аст, чун ҳамасола. Дар ярмарка ҳам устухонҳои яккилогиро ба гӯшти устухондор монда дода истодааст. Ҳама харидорон лаънат доранд Паноҳашон ба Худо!»
Табрези Шамс - корбари дигар менависад:" Ду рӯз муқаддам соати 13:00 дар бозори «Саховат»-и пойтахт хостам, дар арафаи моҳи шариф барои хона 4 ё 5 кг гӯшт бихарам. Аввал ин ки ба ман 5 кг гӯшт нафурӯхтанд.
Дуюм ин ки гуфтанд, фармони раиси шаҳр аст, ки ба ҳар як нафар беш аз 2 кг гӯшт фурӯхта нашавад.
Гуфтем, фармон дуруст аст, қабул. Ин тавр, ки бошад 2 кг диҳед. Фурӯшанда дар тарозу порчаи гӯштеро гузошт ки он аллакай ба қадри кофӣ равғану устухон дошт. Вазнаш 1киллову 600 грамм буд. Барои 2 кг шуданаш 400 грамм равған гузошт. Аз ӯ пурсон шудам, ки бародар ин чи маънӣ дорад? Посух дод, ки: «… ака ман бояд 1 кг гӯштро на камтар аз 45 сомонӣ фурӯшам маро маҷбур месозанд ки 40 сомонӣ фурӯш. Ман фоида намебинам, аз ҳамин хотир ҳамин тавр мефурӯшам».
Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки равғане фурӯшанда мехоҳад маҷбурӣ ба гӯшт ба таври илова гузошта фурӯшад, аслан барои фурӯш нест. Дар пеши ҳар як гӯштфурӯш дар ҳамин шабурӯз аз гӯшт дида чарбу зиёд аст, аз ҳама аҷоибаш ин аст, ки ҳамаи ана ҳамин фурӯшандагон шурӯъ аз ҳамин бегоҳ ба намози таробеҳ мераванду фардо рӯзаи моҳи шарифро мегиранд.
Магар ҳамин имондорӣ аст?
Аммо корбари дигари ин шабака Баҳман Акбарзод бо як таҳлили иқтисодӣ назари алтернативии дигаре пешниҳод кардааст, ки он ҳам қобили мулоҳиза аст.
Бо наздикшавии моҳи шарифи Рамазон ва афзудани нархи гӯшт дар бозорҳои ватанӣ саҳифаҳои интернетӣ майдони ҳунарнамоии “чобуксаворон”, гашт - менависад ӯ. Наваду нуҳ фисади мардум, ки аз дасти гӯштфурӯшон ба оҳу фиғон омада буданд, роҳҳои гуногуни булаҷабро пешниҳод менамуданд. Кор ба ҳаде расид, ки аз рафтори авлиёҳои Худо ибрат бигиред, то нархи гӯшт арзон шавад, пешниҳод карданд баъзеҳо. Боязиди Бастомиро мисол оварданд. Ба фикри банда, агар ҳама авлиё мешуданд, ҳоҷат ба дӯзаху биҳишт, ба давлату роҳбарӣ ба он, ҳатто ба Қуръону пайғамбар намемонд. Бародарони мо қариб, ки ҳисоботи рӯзи маҳшарро ҳамин ҳоло ташкил мекарданду гӯштфурӯшонро чун мунофиқ ба дӯзах мефиристоданд. Дар ҳоле ки худ аз илми иқтисод бехабаранд.Рамазон ва нархҳо
Ҳар як дарахти мушкилот решаҳои худро дорад. Дар ҷои холӣ чизе пайдо намешавад. Ба мушкилот рӯякӣ назар кардану қарори қатъӣ баровардан кори оқилон нест. Гӯшт дар бозор қиммат шуд. Чаро? Чунки талабот афзуд. Фазои иқтисодии Тоҷикистон имкони тез ба ин гуна талабот аксуламали мусбати ҷавобӣ диҳад, надорад. Қонуни солими бозор ва тараққиёт аст:” бардошт зам кун , набардошт кам кун”.
Асрҳо боз дар тамоми дунё ин қонун амал мекунаду имрӯз мо гиребони ду- се соҳибкорро мегирем. Қонуни тараққиёт муқаддас аст. Ба он, ки дахолати манфӣ намудед, натиҷаҳои бадеро интизор шавед. Кӣ бояд фазои иқтисодии Тоҷикистонро рабту низом диҳад, гӯштфурӯшон ё вазирону кормандони соҳаи иқтисод?
Акнун гӯштфурӯшонро маҷбур кардед, ки гӯштро арзон фурӯшанд. Ақли дар ҳилла «бало»-и тоҷикӣ дарҳол фаҳмид, ки кор бе ҳилла намешавад. Ба гӯшт равған илова карда фурӯхтан даркор, ё чорвои харобро арзонтар харида, кушта ба бозор баровардан лозим. Ин ҳеҷ аҷибӣ надорад. Дарро задед, девор мекафад.
Ин аз як тараф. Аз тарафи дигар, бо маҷбур кардану ҷарима бастани гӯштфурӯшон магар гӯшт бисёру арзону босифат мешавад? Боз як гурӯҳ соҳибкоре, ки буҷаи давлатро бо андоз пур мекарданду саробони оилаашон буданд, дӯконҳоро баста, озими мардикорӣ мешаванд.Чунин мисолҳо дар таърихи кӯтоҳи мо бешуморанд. Як амали андак, силсилаи ногувориҳои бисёреро дар ҷомеа меоварад. Як соҳибкор дарашро баст, натиҷааш,-як андозсупоранда кам шуд, як ҳалқаи занҷири иқтисод бурида гашт, як оила беназорат монд, ба дӯши як зани беҷораи тоҷик фишори зиндагӣ бештар гашт, як ғуломи тоҷик дар дигар кишварҳо афзуд, як таблиғкунандаи бесаводи фарҳанги тоҷик дар байни миллатҳои дигар зиёд гашт. Чунин натиҷаҳои манфӣ бисёранд. Ин натиҷаҳо моро буғӣ карда, роҳҳои тараққиётамонро мебанданд. Оё шумо панҷ сомонӣ афзудани нархи гӯштро дидеду ин натиҷаҳоро надидед? Аз нисф зиёди ҳамин муҳоҷирон аз рӯи амали ҳамин гуна "боақлиҳо" ранҷи ҳиҷратро ихтиёр кардаанд". Соҳибкорон таъминкунандаи ҷомеа бо неъматҳои моддӣ ҳастанд. Ҳукуматро вазифааш таъминот нест. Вазифаи Ҳукумат танзим ва назорати муносибатҳо дар дохили ҷомеа мебошад. Ҳукумат бояд аз имкониятҳои худ истифода бурда ба афзудани истеҳсолот мусоидат кунад на чун замони амирӣ ва шӯравӣ нархро пасту баланд созад. Инро бояд ҷомеа сарфаҳм равад.
То замоне мо ба решаҳои мушкилот сарфаҳм наравем ва дар он сатҳ чораандешӣ накунем, ватани мо тараққиётро соҳиб намешавад ва ҳар дам ба шӯр моему якдигарро "мунофиқ"-у " беимон" гуфтан мегирем, лекин ҳолат боз мисли порина.

Мусаллам аст, ки дар деҳот солҳои пеш, дар як маҳалла тақрибан 200-250 сар чорво пода мерафт ва гӯшт ҳам аз ин лиҳоз фаровон буд. Ҳоло бошад ҳар деҳа 50-100 сар мол дорад ва он ҳам лоғар асту на барои забҳ.
Имрӯз назди даҳҳо дӯкони гӯштфурӯшӣ рафтам, дар ягонтоаш гӯшт набуд. Бале мефаҳмам, ки дар моҳи Рамазон мардум миқдори зиёдтар гӯшт мехаранд, аммо норасоии гӯшт боиси сарсонии мардум гаштааст, айби гӯштфурӯшҳо нест, чунки чорво барои забҳ намерасад.
Оё намешавад, ки барои моҳи Рамазон ё иди Қурбон гӯшти мурғ, гӯшти говро аз Қазоқистон, Украина, Россия ё дигар давлатҳо ҳам зинда ва ҳам забҳ кардаашро ворид намоянд? Манзур дар ҳамин моҳе, ки талабот ба ин ғизо зиёд аст.
Аз ҳамин андешаҳои гуногуни мардум, ки боло рафтани нархҳо сабаби ба миён омаданашон гаштааст, мақомоти дахлдор метавонанд хулосаҳои зарурӣ бароранд.
Охир рамазон соли дигар ҳам меояд-ку?
Ҳуриннисо Ализода
(иқтибосҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ)
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: