Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Агарҳои «ислом»-и сиёсӣ

Агарҳои «ислом»-и сиёсӣ

17-08-2020, 11:03
Хабарро хонданд: 836 нафар
Назарҳо: 0
   Агарҳои «ислом»-и сиёсӣ
Азбаски аксари мухолифини идеологии мо ашхоси таҳсилнодида ва дар сиёсат ноозмудаанд, роҳи муборизаҳои сиёсии пешгирифтаи онҳо низ ба «ҷанҷолҳои занҳои бозорӣ» шабеҳ аст. Онҳо ки дур аз кишвари моанд ба худ иҷозат медиҳанд, ки ҳар чи ба даҳонашон меояд, бе он ки дар доираи ахлоқ, маърифат, дин, сиёсат, ва одамгарӣ будани онро дақиқ бисозанд, эҳсос намоянд, дар ин фазои бесоҳиби маҷозӣ онро пахш мекунанд.
Кас дар тааҷҷуб меафтад, ки чаро онҳо бо бехудоии хос, аз номи Худо ё ба ҷои ислом ва шариат ҳукм мекунанд. Нафрат кина таҳқир, таҳдид, таассуб, ва ҳарчи ки дар ботини онҳост, чун ҳақиқат ба мардум пешниҳод мекунанд. Онҳо мутмаинанд, ки аксари аҳолӣ бесавод ва каммутолиа буда, чун солҳои қадим сухани мулло барояшон ҳукм аст. Вале сахт иштибоҳ мекунанд. Имрӯз ҷомеаи мо дигар ниёзманд ба панду амри маъруфи чор ришакӣ нестанд. Ин сатҳи суҳбатҳои мухолифин, мутаассифона, ҳеҷ гуна таъсире ба ақли солим надоранд, зеро худ суҳбати илман асоснок ва бо далелу бурҳони қотеъ нестанд. Замоне, ки онҳо нафареро кофир, мунофиқ, чоплус, бенамоз, дӯзахӣ, даюс ё ҳукми дигаре мекунанд, намеандешанд, ки кӣ ин ҳақро ба онҳо додааст? Вале онҳо бо чунин таҳқиру туҳмат гуё муборизаи сиёсӣ мебаранд.
Ашхоси соҳибтафаккур, андешаманд, таҳсилдида ба хубӣ дарк мекунад, ки аз паси чунин нафароне, ки худ шариати исломиро барои бароварда кардани аҳдофи сиёсии хеш зери по мекунанд, сазовори боварӣ нестанд. Пас бо чунин «агарҳо» кас ба умқи андеша ва тафаккури худ сар бизанад, дармеёбад, ки ин сафсаттаҳо танҳо рӯпӯш кардани ғаризаҳои сиёсии як гурӯҳе беш нестанд:
- Агар ислом дар қалб неву дар забон аст.
- Агар ислом эътиқод неву парчами сиёсӣ аст.
- Агар ислом яроқест барои хун рехтану ҳукумат хостан.
- Агар ислом даъват неву таҳқир ва ҳақорати ҳамагон ба ғайр аз наздиктарин ҳамсафон дар мубориза барои қудрат аст.
- Агар ислом "моли шахсии падаратон" ҳаст, ки ҳукмаш дар дасти шумо ва шумо баринҳост.
- Агар дӯзахиву ҷаннатӣ будан, кофиру мусулмон хондан ба дасти шумост.
- Агар ислом беҳаёёна фарзандон (духтарон) зану хоҳари як мусалмонро дар мазҳари ом кӯшиши беобрӯ кардан аст.
- Агар ислом ба маҳрамонатарин зиндагии як зани мусалмон ва ҳатто як ҳоҷӣ - модаре, барои сиёсатбозӣ, таарруз кардан аст.
- Агар ислом худ ба шеваи аврупойӣ зистану дигаронро ба асри миёна ва ҷиҳод (ҷанг) кашондан аст.
- Агар ислом дар мазҳари ом ҳар рӯз дурӯғ гуфтан асту ҷоғ задани дурӯғ аз адолату худ беадолатӣ кардан аст.
- Агар ислом ба ҷойи дардманди бадани мусалмоне ҳадафмандона нохун задаву зиндагии ороми ӯро ноором кардан аст.
- Агар ислом қатл аст, даъват ба хунрезӣ аст, бадзабонӣ ва бадкирдорӣ аст.
- Агар ислом сулҳ, бародарӣ оромиву осудагиро нахостану сӯхтан, таркондан, нобуд кардани фарҳанги зиндагии ҳамзистӣ аст.
- Агар ислом ҷомаи дурӯғест барои бадани сиёсиро пӯшонидану онро бо найранг мусалмониву ҳақҷӯйӣ ба намоиш гузоштан аст.
- Агар ислом бо чеҳрапӯшии худу луч гардонидани бадани як ҳамдигар ҳамарӯза томот бофтан аст.
- Агар шумо исломро дарк мекардед дидаву дониста ояҳои Қуръонро ба манфиати хеш шарҳи дуруғ додан аст.

Агар зери парчами ислом ҳар кори сиёсӣ аст, ки мақсадаш аз дигарон пӯшидаву фанди дигарон аст.
Пас, кӣ бояд ба чунин "исломиҳо" пайравӣ кунад?
Ягон фарди солимақл чунин "исломи мудерн" ва ё чунин "исломи сиёси"- и сиёсатзадаро қабул набояд дошта бошад.
Агар фармудаи Худо ин аст, ки тифли аз фарзанди мусалмон, яъне аз волидони мусалмон зода ва тамоми аркони исломро тӯли ҳаёт истифода месозад, магар мешавад, ки як "бенамозе" бо ҷуръати худоӣ (астағфуриллоҳ) ба худ иҷозаи ҳукми кофар ё муҷрим хондани ӯро бидиҳад? Пас...
Моро андеша мебояд, ки он дини мубини бо хун, ирсият бо мо омада ва он тарбияи динии аз бобову падар гирифтаи мо дуруст аст ё он исломи ҷиҳодӣ?
Ҳарчанд дар фазои маҷозӣ пушти аксҳои маснӯи ва номҳои аҷоибулғароиб дигар дӯстро аз душман фарқ кардан, кори осон нест, вале метавон аз матнҳои пурфаҳш, хурдагириҳои бепоя ба ҳар амалкарди давлат, онҳоро шинохт ва дарк кард, ки ин бозии сиёсат на пуштибоние аз дин.
Акнун, ки ҷангҳои иттилоотӣ дигар танҳо бо мағзи мардум сару кор дорад, чанд омиле дар ин муборизаҳо нақши калидӣ доранд.

Ҳуриннисо Ализода

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: