Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тазоҳуроти қазоқистониҳо зидди додани замин ба хориҷиҳо

Тазоҳуроти қазоқистониҳо зидди додани замин ба хориҷиҳо

24-04-2021, 09:19
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
Тазоҳуроти қазоқистониҳо зидди додани замин ба хориҷиҳоҲудуди 500 шаҳрванди Қазоқистон 24 апрел дар шаҳри Алмато зидди лоиҳаи қонуне даст ба тазоҳурот заданд, ки ба иҷора додани замин ба муҳлати тулонӣ барои хориҷиҳоро пешбинӣ мекунад.

Ин ҳамоиши эътирозӣ бе иҷозати мақомот баргузор шуда, дар он шиорҳо зидди президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев садо доданд.

Тазоҳургарон хостанд, баррасии лоиҳаи қонуни мазкур боз дошта шавад. Эътирозҳои оммавӣ зидди додани замин ба хориҷиҳо соли 2016 низ дар Қазоқистон баргузр шуда буданд. Мақомоти қазоқ он замон маҷбур шуданд, ки ба иҷрои қонуни нав моратория эълом кунанд.

Ба иттилои "Медиазона", пеш аз баргузор шудани тазоҳуроти Алмато чандин кас дастгир шуданд.

Дар маҳалли тазоҳурот теъдоди зиёди кормандони пулис ҳузур доштанд. Эътирозгарон вақте хостанд, роҳпаймоӣ ташкил кунанд, неруҳои махсус пеши роҳи онҳоро бастанд ва алоқаи мобилӣ қатъ шуд. Иштирокдорон гуфтанд, моҳи майи имсол низ тазоҳуротеро ташкил мекунанд ва агар суханҳояшон шунида нашавад, гуруснанишинӣ эълом менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: